Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Русия ба Донетск 5 нафар кушта шуд


Мотам дар як шаҳри Украина
Мотам дар як шаҳри Украина

Мақомоти маҳаллӣ дар Донетски Украина мегӯянд, дар ҳамлаи мушакии рӯзи 7-уми сентябри Русия дар ин минтақа панҷ нафар кушта шудааст.

Кушташудаҳо аз 24 то 69 сол доштаанд. Чор тани дигар маҷрӯҳ шудааст.

Мисли рӯзҳои гузашта Русия даҳҳо шаҳру ноҳияи Украинаро мушакборон кард. Дар чанд минтақа сухтор сар задааст.

Ҳамзамон Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки чанд бесарнишини украиниро дар вилояти Курск ва Белгород сарнагун кардааст.

Рӯзе пеш дар вилояти Белгород анбори аслиҳа оташ гирифт. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ин ҳодиса пас аз афтодани пораҳои бесарнишини сарнагуншуда рух додааст. Мақомоти рус хабар доданд, ки аз гирду атрофи анбори аслиҳа 600 нафарро ба дигар минтақа кӯчонданд.

Русия соли сеюм аст, ки шабонарӯз ба хоки Украина аз осмону замин ҳамла мекунад. Дар як соли ахир Украина дар посух ба хоки Русия тариқи бесарнишин ё дронҳо зарба мезанад.

Дар ин ҷанг ҳазорону сарбозу сокини осоишта аз ду ҷониб кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Русияро барои ҳамлаи бедалел ба Укарина маҳкум ва таҳрим кардаанд.

XS
SM
MD
LG