Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон 522 зиндониро афв кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон қарори афви 522 зиндониро содир кардааст.

Дафтари матбуотии президенти Узбекистон гуфтааст, ки онҳое аз зиндон раҳо хоҳанд шуд, ки аз кардаашон сидқан пушаймонанд ва дар роҳи ислоҳ шудан ҳастанд.

Қарори афв ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлоли Узбекистон имзо шудааст.

Дар руйхати афвшудаҳо, аз ҷумла, 19 шаҳрванди хориҷӣ, 56 зан, 25 марди аз 60-сола боло ва 233 ҷавон ва 27 нафаре, ки бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнӯъ зиндонӣ шудаанд, шомил будаанд.

Маълум нест, чеҳраҳои шинохтае, ки соли гузашта боздошт шуда буданд, афв шудаанд ё не.

Моҳи апрели имсол низ Мирзиёев дар оғози моҳи Рамазон қарори афви 426 нафарро имзо карда буд.

Соли гузашта низ беш аз ҳазор нафар дар Узбекистон афв шуда буданд.

XS
SM
MD
LG