Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико барои озори зани собиқаш


Ибодулло Муҳиддинов
Ибодулло Муҳиддинов

Додгоҳи минтақаи шарқии аёлати Пенсилвания (The Eastern District Of Pennsylvania) ба муҳокимаи парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон сар кардааст.

Бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми август дид, Ибодулло Муҳиддинов ба "озор ва азияти завҷаи собиқаш" гумонзад мешавад. Дар ҳамин санадҳо гуфта шуда, ки худаш иттиҳомро напазируфт.

AirTag; таҳдид ба нашри наворҳои маҳрамона

Мақомоти интизомии Амрико дар парванда навиштаанд, ки Ибодулло Муҳиддинов аз 27-уми март то 17-уми майи соли 2024 “дар худрави завҷаи собиқаш ҳафт AirTag насб карда, гаштугузори ӯро пинҳонӣ аз телефони мобилияш назорат дошт.” AirTag як таҷҳизоти хурди тугмамонанди сохти Apple аст. Баъзе аз расонаҳои Амрико бо бозтоби ин қазия ширкати Apple-ро танқид кардаанд, ки аз соли 2021 тугмаҳои 29-долларии AirTag-ро ба бозор баровард ва он ба як абзори мардони занозор табдил шуд.

Муфаттишон дар бораи ангезаҳои ин амали шаҳрванди Тоҷикистон тафсилот надодаанд, аммо зоҳиран рашк сабаби чунин рафтори Муҳиддинов шудааст.

Тафтишот аз зани собиқи Ибодулло Муҳиддинов танҳо С.К. ном бурдааст. Маълумот дар бораи ӯ ва мавқеаш ба қазия дастрас нест.

Бино ба айбномаи эълонкардаи муфаттишони Додситонии Амрико, Ибодулло Муҳиддинов ҳамсари собиқашро ба воситаи Мексика ба хоки Иёлоти Муттаҳида даровардааст. Гуфта мешавад, ин зан ба ҷуз Ибодулло хешу ақрабо ва муттакое дар Амрико надошт.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аммо дар парванда зикр кардаанд, ки бо гузашти чанде Муҳиддинов “ба озору азияти равонӣ ва таҳдиди завҷаи собиқи худ сар кард”. Аз ҷумла, “гуфтааст, агар нофармонӣ кунад, аксу наворҳои бараҳна ва шаҳвонияшро нашр хоҳад кард. Дар яке аз мукотибаҳо ҳамсарашро бадтар аз ҳайвон тасвир кардааст.”

“Бо ҳадафи назорати гаштугузори завҷааш дар чанд қисматҳои мошини ӯ AirTag-ҳоро насб кардааст. Рӯзи 27-уми март завҷаи собиқи ӯ С.К. яке аз ин тугмаҳоро ёфта, ба маъмурони Бюрои тафтишоти федеролӣ – FBI аз таъқиб шудани худ аз ҷониби ҳамсари собиқаш хабар медиҳад,” – гуфтаанд муфаттишон.

Пас аз ин, маъмурони FBI амалкарди Муҳиддиновро зери назорат гирифта, яке аз AirTag-ҳоро ғайрифаъол кардаанд. Тибқи матни парванда, “Муҳиддинов ба зани собиқаш занг зада, ӯро ба як нуқтаи шустушӯи мошин бурд ва сипас тирезаҳои ӯро кӯфт ва талаб кард, ки чаро ба зангҳояш ҷавоб намедиҳад.”

Дар ниҳоят, маъмурон рӯзи 17-уми май Муҳиддиновро боздошт кардаанд. Пас аз кофтукоб, ба гуфтаи муфаттишон, дар телефони ӯ захирае пайдо шуд, ки “дар он ҳудуди 140 акс ва видеои маҳрамонаи ҳамсари собиқаш нигоҳ дошта мешуд”.

Зиндон ва 250 ҳазор доллар ҷарима

Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми август бо нусхаи васиқаи ҳабси Ибодулло Муҳиддинов ва айбномаи расмӣ нисбат ба ӯ, ки “таъқиб” (stalking) ном дорад, ошно шуд. Вай дар мурофиа ҳамаи айбҳои воридшударо нисбат ба худ рад кардааст. Дар сурати исбот шудани иттиҳом ба вай то 5 сол зиндон ва 250 ҳазор доллар ҷарима таҳдид мекунад.

Муфаттишон ҳамзамон ӯро узви як шабакаи русии қочоқи инсон номбар кардаанд, ки “ба манобеи бузурги молиявӣ дастрасӣ дорад ва бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ алоқаманд аст". Дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки дар ҳафт моҳи соли 2022 ба суратҳисоби бонкии Муҳиддинов ба маблағи беш аз 2,3 миллион доллар ворид шудааст. Як ҳисоби бонкии дигари ӯ, дар се моҳи соли 2023 тақрибан 2,2 миллион доллар муомилот доштааст.

Назари вакили мудофеъ ва ё наздикони Ибодулло Муҳиддинов феълан дастрас нест.

Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Амрико, ки чанд сол пеш Ибодулло Муҳиддиновро аз наздик мешинохтааст, ӯро “шахси корчаллон ва ёрирасон” тавсиф кард. “Ман ҷузъиёти муомилаҳояшро намедонам, аммо бисёр кор мекард, ба муҳоҷирон кор ёфта медод ва аз ин ҳисоб камубеш пул ба даст меовард. Инсони ором, ботақво ва боодоб буд. Хушунату бадрафторияшро надида будам. Он замон ҳамсараш набуд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо, ки ба сабаби пеш наомадани мушкил нахост номашро нависем.

Номи зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ вақтҳои охир ба сабаби чанд мавриди куштору боздошт дар Амрико расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, расонаҳои Амрико рӯзи 11-уми июн ба нақл аз манбаъҳои худ дар мақомоти интизомии ин кишвар хабар доданд, ки 8 зодаи Тоҷикистон ба гумони иртибот бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дастгир шудаанд.

Дар ду соли охир садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон ба воситаи Мексика вориди Амрико шуда, баъзе аз онҳо хоҳони паноҳандагӣ шудаанд. Муҳоҷирони тоҷик дар Амрико асосан дар бахши боркашонӣ, хӯрокрасонӣ, сохтмон ва рондани таксӣ кор мекунанд. Чанде пеш Иёлоти Муттаҳида шароити вуруди муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷиконро ба ин кишвар сахттар кард.

XS
SM
MD
LG