Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ: Сафарҳо ба манотиқи марзии Тоҷикистон маҳдуд карда мешаванд


Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

Марзбонҳои Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиён хостаанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳувият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 17-уми май дар баёнияе гуфт, "бе риояи чунин талабот даромадан ба минтақаҳои номбурда иҷозат дода намешавад... Дар постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегиранд."

Мақомот сабабро ба "вазъи минтақа ва ҷаҳон" ва "кӯшиши созмонҳои террористию экстремистӣ барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадҳои давлатӣ ва амалҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон" рабт додаанд.

Онҳо намунаи мушаххас наоварда, вале гуфтаанд, ин ҳолат "тақозо мекунад, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад."

Бино ба қонунҳои Тоҷикистон минтақаи сарҳадӣ ҷоест, ки аз хати марзи давлатӣ дар масофаи то 25 километр қарор дорад.

Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ пайваста аз вуҷуди хатари бесуботӣ аз Афғонистон ҳушдор медиҳанд. Ҷое, ки ба гуфтаи онҳо созмонҳои гуногуни ҷангҷӯ, аз ҷумла ДОИШ ва “Ансоруллоҳ” ҷой гирифтаанд. Гурӯҳи "Ансоруллоҳ" асосан аз зодагони Тоҷикистон таркиб ёфтааст.

Раҳбарони ҳукумати “Толибон” борҳо ваъда додаанд, ки аз хоки Афғонистон ҳеч хатаре ба давлатҳои ҳамсоя таҳдид нахоҳад кард, вале соли 2023 дар мавриди хунсо ва халъи силоҳи чанд аъзои гурӯҳи "Ансоруллоҳ" дар марз бо Афғонистон хабар расид.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри ҳамон сол гуфт, ҷангҷӯён нақша доштаанд, сарҳади Афғонистонро гузашта, дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар "як силсила ҳамлаҳои террористӣ" анҷом диҳанд. Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи дигар мушкил аст, аммо он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазирии Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.

XS
SM
MD
LG