Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вилояти Ленинград 900 муҳоҷири корӣ ихроҷ мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Полиси Петербург ва вилояти Ленинград аз анҷоми рейдҳои сартосарие дар ин минтақаи Русия дар ду ҳафтаи моҳи июл хабар дода гуфт, ки 900 муҳоҷири корӣ боздошт шудааст.

Полис иддао кард, ки аз 7,5 ҳазор қонуншикании шаҳрвандони хориҷӣ пешгирӣ кардааст. Дафтари матбуоти полис рӯзи 26-уми июл хабар дод, ки аксари ин ҳодисаҳо ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират рабт доштааст. умори бештари тафтишҳо нисбати ронандаҳои такси барпо шудааст. “Дар муддати амалиёт, - гуфтааст дафтари матбуоти полис, - 3500 ҳолати вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шуд. Тахминан 100 ширкати тиҷоратӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуд, чун дар соҳаи муҳоҷират, бахусус аз назари ба кор қабул кардани хориҷиҳо, даст ба қонуншиканӣ задаанд”. Ин хабарро оҷонсии Интерфакс нашр кардааст.

Полис гуфт, ки 900 муҳоҷири кории боздоштшуда барои “дағалона” вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ ҷой дода шуда баъдан аз хоки Русия ихроҷ ва аз ҳақи вуруд ба ин кишвар дар давоми чанд соли дигар манъ карда мешаванд.

Полис инчунин гуфтааст, ки ду гурӯҳи ҷиноие, ки даст ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ задааст, “нобуд карда шуд”.

Тафтишу рейдҳои полис дар 150 сохтмон, даҳҳо бозор, 140 ошхона ва 200 маҳалли зисти дастаҷамъонаи муҳоҷирон барпо шудааст.

Баъди ҳамла ба толори консертии «Крокус» дар моҳи марти имсол ва дар куштори 144 кас муттаҳам шудани асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, дар Русия маъракаи дастаҷамъонаи саркӯбу таъқиби муҳоҷирон шурӯъ шудааст, ки дар бештари ҳолатҳо бо нақзи фаровони ҳуқуқи инсон ва қонунҳо барпо мешавад. Дар Тоҷикистон мақомот гуфтанд, танҳо бо роҳҳои ҳавоӣ аз Русия ба Тоҷикистон асосан баъди ҳодисаҳои “Крокус” наздики 3500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG