Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчамбардори Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж муайян шуд


Темур Раҳимов. Акс аз соли 2017
Темур Раҳимов. Акс аз соли 2017

Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса баргузор мешавад, интихоб гардид.

Ба ин варзишгари машҳури тоҷик дар риштаи ҷудо сангинтарин парчами давлатиро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо аъзои дастаи мунтахаби кишвар супурд. Дар ин мулоқот зикр шуд, ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 медали тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, барандагони нишони нуқра - 250 ҳазор сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандаи медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ - якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар – шаш нафар дар риштаи ҷудо, се кас дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таеквондо ва гӯштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда дохиланд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг) – дар риштаи бокс; Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо дар вазни +67 кило; Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило; ду нафар – Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов - дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук (дав ба масофаи 100 метр) дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж рақобат мекунанд.

Дар Олимпиадаи Париж-2024 иштироки 10500 варзишгар аз 206 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж, ки 26-уми июл баргузор мешавад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Парижро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG