Ҷамшед Аминов, сокини пойтахт, ки ҳуқуқшинос низ ҳаст, аз ҷониби мудири мактаб ба он айбдор мешавад, ки гуё ӯро "таҳқиру таҳдид" кардааст.
Баҳси ин мард бо маъмурияти Литсейи рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баъд аз он оғоз шуд, ки ӯ аз омӯзгорони мактаб шикоят кард, ки аз як фарзандаш пули дарсеро мепурсанд, ки онҳо нахондаанд. Мақомот ӯро ҳақ донистанд, вале ҳоло мудири мактаб худи ӯро ба додгоҳ кашидааст.
“Гӯиё ман дар ҳаққи раҳбари муассисаи таълимӣ гапҳои қабеҳ гуфта бошам. Гӯё дағалона рафтор ва ҳатто таҳдид карда бошам. Дар аризаи даъвогӣ гуфтаанд, ки бо гапҳои дурӯғ ва хабарҳои нодуруст шаъну шарафи маро паст задааст. Аммо барои ин гуфтаҳо ягон далел ё исбот нест,”—гуфт Ҷамшед Аминов.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Соли гузашта маъмурияти Литсейи рақами 5 аз Ҷамшед Аминов пардохти пули дарсҳои ихтиёрии иловагӣ, ки фарзандонаш дар он иштирок накардаанд, талаб кард. Ӯ ба Додситонии шаҳри Душанбе шикоят бурд, чун мегӯяд, раҳбарияти литсей ҳақ надошт, пул талаб кунад, зеро миёни онҳо қарордоде имзо нашуда буд.
"Мақомоти додситонӣ ҳам дар ҷавоб ба шикояти ман навиштанд, ки воқеан ҳам ваҷҳу далелҳои овардаи ман тасдиқи худро ёфтанд ва ба шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод ирсол намуданд, ки директори мактаб Нарзиева ба ҷавобгарии қатъии интизомӣ кашида шавад. Яъне, қонунвайронкунӣ аз ҷониби директор пура аз ҷониби мақомот тасдиқ шуд,"--гуфт ӯ.
Бибисафия Нарзиева, мудири Литсей нахост дар ин бора суҳбат кунад. Вакили дифои ӯ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қазияро баъди хотимаи баҳси додгоҳӣ метавонад шарҳ диҳад.
Дар шикояти Нарзиева ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ омадааст, ки Ҷамшед Аминов “ба мақомоти дахлдор аз бораи ман рафта, арзу шикоятҳои беасос карда, манро дар ҳолати нохуш ва ба саломатиам зарари калон расондааст.”
Як масъули Литсей гуфт, хонаводаи Аминовҳо барои напардохтани маблағ бояд аз пеш ариза менавиштанд, ки фарзандони онҳо дар дарсҳо иштирок намекунанд.
Ғайратшоҳ Абдуллоев, масъули Литсейи рақами 5 гуфт: "Маблағи дарсҳои иловагӣ дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 5 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян шудааст. Маблағи солонаи дарсҳои иловагӣ барои ҳар як хонанда дар литсей ҳазору 600 сомонӣ муқаррар шудааст ва ин пул бар асоси қарордоде, ки миёни раҳбарияти таълимгоҳ ва волидон имзо мешавад, пардохт хоҳад шуд. Дар он ҳолат фарзандон метавонанд иштирок накунанд, ки аз саршавии дарсҳо ариза нависанд, ки фарзанди ман намехоҳад, ки дарс хонад. Дар ин сурат метавонад, ки аз дарсҳо озод шаванд. Ба мо Аминов чунин ариза нанавишт, ки фарзандонам аз дарс озод шаванд."
Дар Вазорати маориф гуфтанд, иштирок дар дарсҳои иловагии пулакӣ ихтиёрӣ аст. Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф гуфт, "дар моддаи 58-и қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” чунин омадааст, ки дар муассисаҳои таълимии давлатӣ бо хоҳиши падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунандаи хонандагон ва донишҷӯён таълими пулакӣ дар асоси шартнома, ки маблағи он ба суратҳисоби бонкии муассиса ворид мегардад, ташкил карда мешавад."
Баҳси ҷамъоварии маблағ дар мактабҳои Тоҷикистон ҳамасола бо оғоз шудани соли нави таҳсил доғ мешавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам 1-уми сентябр дар паёми имсолааш ба муносибати оғози соли нави таҳсил танқид кард, ки дар мактабҳо то ҳол бо ҳар баҳона аз хонандагон пул ҷамъ мекунанд.
Гуфтугӯ