Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия аз муҳоҷирон мехоҳанд, бегонаҳоро "брат" ва "сестра" нагӯянд


Оҷонси федеролии Русия дар умури миллӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ давраи омӯзишии  нави мутобиқшавиро таҳия кардааст.

Он маърӯзаи 70-дақиқаеро дар бар мегирад, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи қонунгузории меҳнат ва муҳоҷирати Русия маълумоти заруриро пешниҳод мекунад.

Ба иттилои "Коммерсант", омӯзиш ба чаҳор бахш ҷудо карда шудааст. Дар бахши аввал ба муҳоҷирон дар бораи вуруд ва будубош дар Русия, қоидаи дарёфти патент, қарордоди корӣ ва имкони дарёфти шаҳрвандии Русия бар ивази хидмат дар сафи артиши ин кишвар маълумот дода шудааст.

Дар бахши "Асосҳои рафтори ғайрирасмӣ" аз муҳоҷирон хоста шудааст, тавре рафтор кунанд, ки дар Русия "қобили қабул аст". Онҳо бояд забони русиро донанд ва ҳангоми муошират бегонагонро "брат" (бародар) ва "сестра" (хоҳар) хитоб накунанд.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки дар бораи роҳгузарон ва дар назди дигарон бо забонҳои модарии худ суҳбат накунанд. Муносибат ба дину мазҳаб ва маросимҳои диниро дар мазҳари ом намоишу анҷом надиҳанд.

Бахси севум ба муҷозоти хориҷиҳо барои нақзи қонунгузории Русия, аз ҷумла қонунҳои муҳоҷират бахшида шудааст. Дар ин бахш аз муҳоҷирон даъват шудааст, ки дар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо ва фаъолиятҳои ифротгароиву тундгароӣ иштирок накунанд.

Дар бахши чаҳорум дар бораи таърихи муносибатҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот дода шудааст.

XS
SM
MD
LG