Марди 32-солае, ки аз ӯ А.А. ном бурда шудааст, дар он муттаҳам мешавад, ки хилоф бо қонунҳои Қирғизистон ба кӯдакону наврасон таълимоти динӣ пешниҳод кардааст. Назари марди дастгиршуда дар ин бора маълум нест.
Дар изҳороти Кумитаи амният, ки онро чанд расонаи Қирғизистон чоп кардаанд, гуфта мешавад, ки далели баста шудани урдугоҳ «вайрон кардани муқаррароти санитарию эпидемиологӣ ва барномаҳои таълимию тарбиявӣ мебошад».
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, дар ин мадраса 110 писар ва духтарони аз 6 то 17-сола таълими динӣ мегирифтаанд.
Хабаргузории Kloop ёдовар шудааст, ки дар Қирғизистон бар асоси қонун дар бораи озодии эътиқод, «ҷалби кӯдакон ба созмонҳои динӣ манъ мебошад» ва аз қавли Кумитаи амният аз волидон даъват шудааст, ки пеш аз ба урдугоҳ фиристодани кӯдаконашон қонунмандии фаъолияти он санҷида шавад.