Нашрияи австриягии Kronen Zeitung навиштааст, мард чанд соат пеш аз ба Русия истирдод шуданаш даст ба худкушӣ зад. Номи ӯ фош намешавад. Нашрия навиштааст, мард бо сачоқи ошхона ва банди пойафзолаш худро овехтааст.
Нашрияи Kronen Zeitung навиштааст, фавтида яке нафароне буд, ки охири соли 2023 бо гумони омодагӣ ба ташкили ҳамла ба калисои шаҳри Кёлни Олмон ва ҳам ибодатгоҳи Стефани муқаддас дар шаҳри Вена, боздошт шуда буданд. Ҳамроҳ бо ин мард, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ва зан аз Туркия ҳам дастгир шуда буданд. Ин нафарон дар боздоштгоҳҳои Олмону Австрия нигаҳдорӣ мешуданд.
Ба навиштаи Kronen Zeitung, яке аз гумонбарони боздоштшуда “аллакай ба Тоҷикистон истирдод шудааст”, ягона зани гумонбар дар ин гурӯҳ ба Туркия супурда шуд ва як марди тоҷикистонии дигари узви ин гурӯҳ аз мақомот дархости паноҳандагӣ кардааст.
Пулиси Олмон дар остонаи ҷашни Милоди Масеҳ ҳангоми кофтукоби манзиле дар Везел, 100-километрии Кёлн, дар умум панҷ касро боздошт карда буд.