Пули 72-метрие, ки дар ноҳияи Қадамҷойи Узбекистон аз болои рудхонаи Кожошкен мегузарад, пурра барқарор шудааст.
Ин пул ҷузъи шоҳроҳи "Кайтпас-Отукчу", ки Қирғизистонро бо анклави Сӯхи Узбекистон мепайвандад, ба ҳисоб меравад.
Корҳои барқарорсозии пул моҳи апрели имсол оғоз шуда, ба ин далел шоҳроҳи "Кайтпас-Отукчу" баста буд.
Пул 72 метр дарозӣ дошта, онро Вазорати нақлиёти Қирғизистон бозсозӣ кардааст.
Шаҳрвандони Узбекистон ба далели баста будани роҳи мазкур маҷбур буданд, ки тавассути деҳаи Апкани ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба Сӯх сафар кунанд.