Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши додситонӣ ба хабари марги сарбоз


Солеҳҷон Солиев моҳи май ҳангоми хидмат даргузашт
Солеҳҷон Солиев моҳи май ҳангоми хидмат даргузашт

Додситони ҳарбии Душанбе дар посух ба гузориши Радиои Озодӣ марги сарбоз Солеҳҷон Солиевро ба бемории дил рабт додааст. Ин дар ҳолест, ки пайвандони ин сарбоз, ки моҳи май ҳангоми адои хидмат дар фурудгоҳи низомии Айнӣ фавтид, гуфтаанд, ба фарзияи расмӣ бовар ва дар тани сарбоз изи захм буд.

Додситонии ҳарбии Душанбе дар номаи расмӣ аз санаи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ навиштааст, Солеҳҷон Солиев 12-уми майи имсол баъди адои навбатдорӣ “барои шустушӯй ба ҳуҷраи либосхушкунӣ” даромад.

"Баъди пойафзолашро кашидан якбора вазъи саломатии сарбоз бад шуда, аз ҳуш рафта ба замин афтодааст. Аз тарафи фелдшери қисми ҳарбӣ ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст, аммо нафаскашиаш хеле вазнин шуда, дарҳол бо ёрии дигар хизматчиёни ҳарбӣ ба беморхона интиқол дода шудааст,"-омадааст дар посухи додситонӣ

Додситонӣ ҳамчунин навиштааст, дар робита ба фавти Солеҳҷон Солиев ҳамхизматони ӯ, аз ҷумла писари холаашро пурсидаанд ва онҳо гуфтаанд, ягон ҳолати ҷанҷол (муносибати ғайрионниномавӣ) миёнашон набуд.

Ин ниҳод сабаби марги сарбозро “бемории қалб-кардиомиатияи гипертрофӣ” гуфтааст, ки ба гуфтаи додситонӣ “ин беморӣ бе аломат мегузарад ва дар сурати дар бемор мавҷуд будани он фарорасии фавт нобаҳангом, ногузир ва ғайричашмдошт ба амал меояд.” Радиои Озодӣ дар гузориши худ дар бораи марги сарбоз Солеҳҷон Солиев назари додситониро ҳам оварда буд. Аммо пайвандони ин сарбоз охири моҳи июн гуфтанд, ба ҳарфи мақомот бовар надоранд.

Наргис Пирова
Наргис Пирова

Наргис Пирова, модари сарбози фавтида дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бадани Солеҳҷон Солиев изҳои сиёҳ буд. “Дар пушташ се нуқта зардоб гирифта буд, мисле, ки бо милтиқ мезананд. Ман дар телефон ҳамаашро сабт кардам ва гуфтам, ки бояд ҳамаашро нишон диҳам,»-гуфта буд модари сарбоз.

Наргис Пирова ҳамчунин гуфта буд, намояндагони мақомот дар аввал иҷоза надоданд, ки ӯ ҷасади писарашро кушода бинад. Аммо додситонӣ дар посух ба Радиои Озодӣ навиштааст, ҷасади Солеҳҷон Солиевро дар ҳузури пайвандонаш аз назар гузаронданд ва «дар бадани ӯ нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт нагардиданд.» Дар навори сабткардаи хонаводаи сарбоз, дар пушти сари ҷасад изи хун дида мешавад.

Додситонии ҳарбӣ аз Радиои Озодӣ хостааст, “оид ба мавзуъҳои ҳассос ва ҷиддӣ гузоришҳои худро холисона ва танҳо дар асоси маълумоти воқеӣ” омода кунанд, “то, ки дар байни шаҳрвандон андешаҳои манфиро оид ба хидмати ҳарбӣ ба вуҷуд наоранд.” Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи марги ин сарбоз бар асоси шикояти волидайни ӯ ва назари мақомот омода ва пахш шуда буд.

Маргумир дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Аз ҷумла 5-уми июл як сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз зарби тир ҷон бохт. Мақомот марги Ҳакимҷон Самадови 19-соларо, худкушӣ номида, як фармондеҳи марзбониро бо гумони "берун рафтан аз ҳади ваколат" боздошт кардаанд. Наздикони ин сарбоз низ ба фарзияи расмӣ бовар надоранд.

Ба гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст. Аз ин шумор, 8 маврид худкушӣ буда, “6 нафар аз беморӣ фавтиданд”. Бадрафторӣ ё латукӯби сарбозони нав аз сӯи куҳнасарбозон ҳам як сабаби марг ё маъюб шудани сарбозон гуфта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG