Дар қаҳрамонии CAFA-2024, ки аз 5-ум то 12-уми июл дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон баргузор мешавад, шаш дастаи минтақа ширкат меварзад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2024 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои ҷавонони Афғонистон (7-уми июл) ва Қирғизистон (9-уми июл) рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Узбекистон, Эрон ва Туркманистон мубориза мебаранд.
Тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал рақобат хоҳанд кард. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дувумро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои панҷум ва шашум бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Дар ҳамаи бозиҳои қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар Қирғизистон системаи видеодовар (VAR) истифода мешавад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич 22 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуанд.
Қисми асосии мунтахаби кишварро футболбозони дастаи «Барқчӣ» -и Ҳисор ташкил медиҳанд. Ба далели он ки қаҳрамонии CAFA-2024 дар рӯзҳои FIFA баргузор намешавад, легионерон наметавонанд дар мусобиқаи зикршуда ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бипайванданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар қаҳрамонии CAFA-2024:
Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Барқчӣ»), Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»), Зафари Баҳруллозода («Шодмон»);
Ҳимоятгарон: Баракатулло Неъматуллозода, Ҷовидон Хушвахтов, Бахтовар Ғаюров, Микдод Розиқов, Рустам Камолов, Шаҳбон Наимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Амири Фарҳод («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Юнус Исматуллоев, Меҳрубон Ҳамидов, Фирдавс Раҳимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Ҳоҷӣ Абдуманнон, Азизбек Муродов (ҳарду аз «Эсхата»), Азизбек Далиев («Хуҷанд»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Равшан»);
Ҳамлагарон: Масрур Ғафуров, Билол Бобоев, Ориёнмеҳр Холиқзода, Шерзод Раҷабов (ҳама аз «Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Милош Костич (Словения).
Ёдовар мешавем, 13-уми июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола баргузор шуд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Умон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 21-ум то 29-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.
Тибқи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола, ки аз 6-ум то 23-юми феврали соли оянда дар Чин барпо мегардад, роҳхат мегиранд.