Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба шаҳри Остонаи Қазоқистон парвоз кард.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ин сафар ӯро муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ ва ёрдамчии президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Маълум нест оё президенти Тоҷикистон пеш аз ҷаласа бо дигар раҳбарон ҳам дидору гуфтугӯҳои ҷудогонае пешбинӣ кардааст ё на.
Ҷаласаи раҳбарон дар Остона рӯзи 4-уми июл баргузор мешавад. Раҳбарони Чину Русия - Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар Қазоқистон қарор доранд. Путин гуфтааст, ки пеш аз ҷаласаи фардо бо чанд раҳбари хориҷӣ мулоқоти дуҷониба барпо мекунад ва дар миёни онҳо раҳбарони Чину Туркияро ном бурдаанд.
СҲШ як ташаккули сиёсии минтақаии таҳти раҳбарии Чин мебошад ва қарор аст фардо бо пайвастани Беларус ба узвияти он, шумори аъзояш ба даҳ кишвар баробар шавад.
Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Покистон, Ҳинд ва Эрон аъзои СҲШ мебошанд.