Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шавҳарамро бурданд.” Амалиёти зидди муҳоҷирон дар Маскав


Дар Маскав муҳоҷирони тоҷикро таҳқиромез тафтиш карданд.
Дар Маскав муҳоҷирони тоҷикро таҳқиромез тафтиш карданд.

Пулиси Русия рӯзи 20-уми июн ба зидди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар бозори “Новоясеневский”-и шаҳри Маскав (наздикии метрои “Теплий Стан”) ҳамлаи густарда анҷом дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, тафтиши муҳоҷирон ба таври таҳқиромез ва бераҳмона ҷараён гирифта, шуморе аз онҳо ба ҷойи номаълум бурда шудаанд.

Саҳифаи “База” дар Телеграм, ки гуфта мешавад ба мақомоти қудратии Русия наздик аст, навишт, ҳадафи ҳамла боздошти касоне будааст, ки таҳти пайгард ҳастанд ё ба ҷиноят гумонбар мешаванд.

Чунин амалиёту тафтишҳои саросарӣ пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус Ситӣ Ҳол” муҳоҷиронро зери фишори бемонанд гузоштааст.

Дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, садои як зани муҳоҷир шунида мешавад, ки мегӯяд, “ҳама бачаҳои тоҷикро боздошт карданд.”

Видеоро инҷо бинед:

“Шавҳарамро бурданд.” Амалиёти зидди муҳоҷирон дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Пулис дар ин замон ба муҳоҷирон дастури “ба замин бихобед”, медиҳад.

Зани муҳоҷир дар ин навор бо нигаронӣ мегӯяд, “мардакамро бурданд.” Дар навор дида мешавад, ки кормандони пулис зери шипанге ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.

Шоҳидони ҳамла мегӯянд, асосан муҳоҷирони тоҷик ҳадаф буданд. Садои зани тоҷик шунида мешавад, ки мегӯяд, “эй тоҷикҳо, мемурам барои шумо.”

Дар навор дида мешавад, ки даруни бино баъзе муҳоҷирон дастҳояшон пушти сар рӯ ба фарш хобидаанд. Пулис бо садои баланд дастур медиҳад, ки онҳо чӣ кор кунанд. Зане кӯдакаш дар бағал, зани дигар бо пойҳои луч, зоҳиран намедонанд ба куҷо раванд.

Дар Русия таъқибу фишор алайҳи муҳоҷирон зиёд шудааст. “Думаи давлатӣ”, порлумони Русия низ пешниҳоди қабули қонунҳои сахтгирона нисбат ба муҳоҷиронро дорад. Чанде пеш "Думаи давлатӣ" ба пулис иҷоза дод, ки бе ҳукми додгоҳ муҳоҷиронро аз Русия депорт кунанд

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG