Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Тоҷикистон изҳороти дипломати русро рад кард


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти як дипломатии русро рад кард.

Замир Кобулов, намояндагони вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон 11-уми июн ба хабаргузории РИА Новости гуфт, Тоҷикистон ба барқарор кардани кори гуруҳи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой-Афғонистон мухолифат кардааст. Ин масъала ба гуфтаи Кобулов, рӯзҳои 20-21-уми май дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии аъзои СҲШ дар шаҳри Остона баррасӣ шуд.

Ду рӯз пас аз ин изҳорот, як дипломати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Замир Кобуловро рад кард ва онро “носаҳеҳ изҳор шудани мавқеи Тоҷикистон” номид.

Аҳмад Саидмуродзода, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар умури Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар посух ба хабаргузории "Азия-Плюс" навиштааст, Душанбе ҳамеша ба зарурати баррасии мушкилоти Афғонистон таъкид мекунад.

"Дар робита ба Гурӯҳи робита бошад, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зидди барқарор шудани ин механизм изҳори назар накардааст",-навиштааст Саидмуродзода.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки кишвараш дар ҷаласаи Остона пешниҳод кард, ки дар ин марҳила коршиносон баррасии масъалаи Афғонистонро дар доираи давлатҳои узви ин созмон оғоз кунанд.

Мақомдори Вазорат аз Замир Кобулов интиқод кардааст, ки муҳтавои ҷаласаеро, ки хусусияти махфӣ дорад, фош кардааст. "Аз ин рӯ, дар Душанбе ба чунин изҳороти дипломати рус эътибор намедиҳанд",-илова мешавад дар посухи Аҳмад Саидмуродзода.

Афғонистон аз соли 2012 дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мақоми нозирро дорад, аммо баъди дубора сари қудрат омадани Толибон, намояндагони ин гуруҳ дар ҷаласаҳои созмон ширкат накарданд.

Душанбе аз мунтақидони сарсахти Толибон аст, ҳарчанд баъди қудрат гирифтани онҳо, фурӯши барқ ва додугирифт бо Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

XS
SM
MD
LG