Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди созиши оташбас дар Ғазза. Исроил ва "Ҳамос" чӣ гуфтанд?


Рафаҳ, 31-уми майи 2024
Рафаҳ, 31-уми майи 2024

Бо ҳаракати нерӯҳои Исроил ба даруни шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Ғазза, президенти Амрико гуфт, ки созмони “Ҳамос”* дигар қудрати ҳамлаҳои бузургро ба Исроил надорад.

Ҷо Байден ҳамзамон як тарҳи созиши оташбасеро эълон кард, ки ба қавли ӯ бар асоси пешниҳодҳои Исроил таҳия шудааст. “Ҳамос” муҳтавои суханронии Байденро мусбат шумурд. Яке аз ёварони нахуствазири Исроил гуфт, тарҳи пешниҳодӣ “ноқис аст”, вале барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза мепазиранд.

Сарбозони Исроил пештар роҳрави Филаделфӣ, як минтақаи стратегиро дар Ғазза, дар марз бо Миср, таҳти назорат гирифтанд. Амалиёт дар Рафаҳ сабаби марги ғайринизомиён ва ба шиддат коҳиш ёфтани кумакҳои башарӣ шуд. Миллион нафар ин шаҳрро тарк кардаанд. Онҳое, ки моҳҳои аввали ҷанг бехонумон шуданд.

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт: “Вақти он аст, ки ин ҷанг тамом шавад.” Вай созиши оташбаси се марҳилаиро пешниҳод кард, ки ба қавли ӯ Исроил онро қабул дорад: “Исроил пешниҳодҳояшро кард. “Ҳамос” мегӯяд, созиши оташбас мехоҳад. Ин тавофуқ як имконе аст, ки собит кунанд, воқеан ҳаминро мехоҳанд.”

Дар марҳилаи аввал ҷанг бояд барои шаш ҳафта мутаваққиф шавад. Дар ин муддат нерӯҳои Исроил бояд аз маҳаллаҳои сераҳолӣ берун шуда, садҳо асири зиндонии фаластиниро озод кунанд. Дар иваз “Ҳамос” гаравгонони маҷруҳ, зан ва пиронсолонро раҳо созад. Исроил бояд бигзорад, ки шаҳрвандони фаластинӣ ба хонаҳояшон баргарданд ва кумакҳои бештар ворид шавад.

Дар марҳилаи дувум, неруҳои Исроил бояд батамом аз Ғазза берун шаванд ва дар иваз “Ҳамос” тамоми гаравгонони боқимонда ва сарбозони исроилиро озод кунад. Агар музокирот аз 6 ҳафта ҳам зиёдтар шуд, созиши оташбас бояд барҷой монад.

Дар марҳилаи саввум ва ниҳоӣ, барқарорсозии Ғазза бояд оғоз ёбад ва тамоми ҷасадҳои гаравгонони ҳалокшударо ба Исроил баргардонанд.

Фаластиниён паноҳгоҳи худро дар Рафаҳ тарк мекунанд. 29-уми майи 2024
Фаластиниён паноҳгоҳи худро дар Рафаҳ тарк мекунанд. 29-уми майи 2024

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт: “Мардуми Исроил бояд бидонанд, ки ин пешниҳодҳояшон дар оянда ҳеч хатаре ба амнияти онҳо надорад, зеро дар 8 моҳи гузашта нерӯҳои “Ҳамос”-ро шикастанд.”

Агарчӣ Байден тарҳи навро “барномаи нави фарогир” номид, он аз барномаҳои пешин фарқ надорад, ки Исроил онҳоро напазируфтааст. Яке аз ёварони нахуствазири Исроил гуфт, тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳури Амрикоро барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза мепазиранд, агарчӣ ба гуфтаи ӯ “тарҳ ноқис аст ва ба таҳрир эҳтиёҷ дорад”.

Қаблан нахуствазири Исроил гуфт, то замоне ки “Ҳамос”-ро нобуд накунад, ҷанг тамом намешавад: “Ман омодаи таслим шудан нестам. То замоне, ки дар ин ҷанг ба тамоми ҳадафҳо нарасем, омодаи поён додани он нестам.”

Билофосила баъд аз суханронии Ҷо Байден, дафтари нахуствазири Исроил бо нашри як баёния гуфт, тарҳи мазкур иҷоза медиҳад, “Исроил то замони маҳви қудрати низомӣ ва идории “Ҳамос” ҷангро идома диҳад.” Созмони “Ҳамос” дар як баёния гуфт, муҳтавои суханронии Байденро мусбат мешуморад.

Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Ҷанги Исроил ва "Ҳамос" аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад. Он рӯз ҷангҷӯёни "Ҳамос" бо ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро куштанд ва 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза то кунун бештар аз 35 ҳазор нафар кушта шудаанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG