Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рафаҳ ҷасади се гаравгони исроилӣ ёфт шудааст


Шани Лук, яке аз гаравгонҳои исроилӣ
Шани Лук, яке аз гаравгонҳои исроилӣ

Низомиёни исроилӣ мегӯянд, ҳангоми амалиёт дар Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза, ҷасади се гаравгон, як марду ду занеро пайдо кардаанд, ки 7- уми октябри соли гузашта, гурӯҳи "Ҳамос"онҳоро ба асорат гирифта буд. Ҷасадҳо ба Исроил интиқол шудаанд.

Даниел Хагарӣ, сухангӯйи Нерӯҳои дифои Исроил дар нишасти хабарие гуфт, яке аз кушташудаҳо Шани Луки 22 сола аст, ки шаҳрвандии Исроилу Олмонро дошт. Аз марги вай ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта хабар расида буд, аммо ҷасадаш беномунишон буд.

Аъзоёни гурӯҳи исломии “Ҳамос”, ки дар Амрикову Аврупо террористӣ эълом гаштааст, навори дуздида шудани Шани Лукаро нашр карда буданд. Волидони ҷасади духтари худро аз рӯйи холкӯбӣ ва либосҳояш шинохтаанд. Дар навор маълум набуд, ки ӯ зинда аст ё мурда, аммо яке аз ҷангиён пояшро ба болои ӯ гузошта буд.

Гаравгони дуюм, Амит Бускилаи 28 сола аст. Ҳангоми ҳамлаи “Ҳамос” вай захмӣ шуда, мехост зери мошине пинҳон шавад, вале ҳамлагарон ӯро ёфта, бо худ бурданд. Гаравгони саввум Исҳоқ Гарелентер аст. Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ гаравгони кушташуда, тамошобини ҷашнвораи мусиқие, буданд, ки соли гузашта, дар марзи Навори Ғазза барпо шуд ва ҳадафи ҳамлагарон қарор гирифт. Эҳтимол меравад ҳарсе гаравгонҳо ҳамон рӯзи ҳафтум кушта шудаанд.

Дар посух ба ҳамлаи 7-уми октябр Исроил амалиёти ҷангии густардаеро дар навори Ғазза шурӯъ кард, ки он то ба ҳол давом дорад. Зимни ҳамлаи ҷиҳодиҳо 12 ҳазор нафар ва беш аз 200 исроиливу хориҷиҳо гаравгон гирифта шуданд. Зиёда аз 130 нафар ҳамоно дар асорат қарор доранд.

XS
SM
MD
LG