Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Гурҷистон аз сафирони аврупоӣ мадад хост


Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон
Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон

Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон аз сафирони Иттиҳоди Аврупо хост, ки кишварашро кумак кунанд, то аз “роҳи аврупоӣ” берун нашавад.

Ӯ ин ҳарфҳоро рӯзи 4-уми май замоне гуфт, ки ҳазорон нафар бо парчамҳои Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Тифлис ҷамъ омада буданд.

Президент Зурабишвили, ки аз эътирозгарон дар муқобили тарҳи қонуни “агенти хориҷӣ” пуштибонӣ мекунад, аз димломатҳои кишварҳои аврупоӣ хост, нишон диҳанд, ки Гурҷистон “танҳо нест” ва аз таъсири Русия кишварашро ҳимоят кунанд.

Кишварҳои ғарбӣ қабули тарҳи қонуни “агенти хориҷӣ”-ро, ки Ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” дар порлумон пешниҳод кардааст, танқид карданд.

Гурҷистон соли 2008 пас аз ҳамлаи Русия ва аз даст додани қисме аз ҳудудҳояш эълон кард, ки барои узви Иттиҳоди Аврупо шудан талош мекунад. Ҳоло мухолифон мегӯянд, бо қабули қонун дар бораи “агенти хориҷӣ”, ки фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва озодии суханро маҳдуд мекунад, роҳи расидан ба узвияти Иттиҳоди Аврупо номумкин мешавад.

Порлумони Гурҷистон дар ду хониш тарҳи қонун дар бораи “агенти хориҷӣ”-ро қабул кард. Хониши ниҳоӣ қарор аст, ки нимаи моҳи май баргузор шавад. Саломе Зурбишивили, президенти Гурҷистон гуфтааст, ин қонунро имзо намекунад, вале порлумони ин кишвар салоҳият дорад, ки онро бе розигии президент ҳам мавриди амал қарор диҳад.

Гурҷистон номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо аст ва барои шомил шудан ба созмони низомии НАТО талош дорад. Шарти шомил шудан ба ИА ва НАТО он аст, ки бояд ин кишвар демократия ва озодии шаҳрвандонро арҷ гузорад.

XS
SM
MD
LG