Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба баргузории "Полки абадӣ" иҷозат надод


Мақомоти Қирғизистон имсол ба баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ", ки ҳамасола рӯзи 9 май сурат мегирифт, иҷозат надоданд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ин тасмим ба далели "таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти ҷамъиятӣ" гирифта шудааст.

Пештар Вазорати дифои Қирғизистон ҳам хабар дода буд, ки рӯзи 9 май дар шаҳри Бишкек паради низомӣ баргузор намешавад.

"Бессмертный полк" ё "Полки абадӣ" як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд.

Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо аксҳои бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.

Ҳадафи аслӣ аз он арҷгузорӣ ба заҳмати сарбози ҷанг ва қурбониҳои ӯ дар ин муқовимат бо Олмони нозӣ аст.

XS
SM
MD
LG