Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи даъват ба артиши Тоҷикистон 70 дарсад иҷро шудааст


Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, давоми як моҳи даъвати баҳорӣ, зиёда аз 70 дарсади нақша иҷро шудааст.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа 1-уми май дар гузорише навишт, аз миёни минтақаҳои кишвар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.

Ба қавли манбаъ, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 86, ноҳияҳои тобеи марказ 74, Суғд 55 ва шаҳри Душанбе 51 дарсад иҷро шудааст.

Дар ҳоле, ки сокинон аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳо аз ҷумла пойтахт шикоят карданд, сухангӯи Вазорати мудофиа аз афзоиши сафи ихтиёриён ба артиш навиштааст.

Баъзе аз корбарони "Фейсбук" навиштанд, намояндагони мақомот дар мошинҳои мусофирбар ҷавононро савор карда, ба комиссариат мебаранд. Шикоятҳое, ки мақомот ба онҳо вокуниш накарданд.

Даъвати баҳории ҷавонон аз 1-уми апрел шуруъ шуда, то охири моҳи май идома мекунад.

XS
SM
MD
LG