Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико бастаи кумаки низомиро барои Украина тасдиқ кард


Сенати Амрико тарҳи қонунеро тасдиқ кард, ки ҷудо кардани 61 миллиард доллар кумаки низомиро барои Украина дар назар дорад. Ба ҷонибдорӣ аз тарҳи қонун 79 сенатор ва ба зидди он 18 сенатор овоз доданд.

Палатаи намояндагони Амрико ин тарҳи қонунро 20-уми апрел тасдиқ кард. Акнун тарҳи бастаи ёриҳо барои имзо ба президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден фиристода мешавад. Пештар Байден гуфта буд, ки билофосила тарҳи қонунро имзо хоҳад кард.

"Ман фавран ин қонунро имзо мегузорам ва ба тамоми ҷаҳон паём медиҳам: мо аз дӯстонамон ҳимоят мекунем ва ба Эрону Русия иҷозаи комёбиро намедиҳем", - гуфт Байден.

Ба илова, дар тарҳи қонун ирсоли мушакҳои дурпарвози навъи ATACMS ба Киев дар назар дошта шудааст.

Тарҳи қонуни ҷудо кардани беш аз 60 миллиард доллар барои Украина аз охири соли 2023 дар Конгресси Амрико дармонда буд. Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг мегӯяд, дармондани тарҳи қонун ба вазъият дар хатти аввали ҷанг таъсир расонидааст: Украина ба камбуди таслиҳот рӯ ба рӯ шудааст ва Русия аз ҳисоби ин ба пешравиҳое даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG