Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар гирифт, рӯзи шанбе аз шоҳроҳи назди "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ба поён расид.
Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони XIV байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 546 860 сомонӣ ихтисос дод. Варзишгаронн, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардиданд: ҷойи 1-ум 38 500 сомонӣ, ҷойи 2-юм 33 500 сомонӣ, ҷойи 3-юм 27 500 сомонӣ, ҷойи 4-ум 22 000 сомонӣ, ҷойи 5-ум 19 800 сомонӣ, ҷойи 6-ум 16 500 сомонӣ.
Ғолибону ҷоизадорони ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе:
Мардон
1.Виталий Шафа (Украина) - 1:04,37.
2. Отабек Тошқуватов (Узбекистон) - 1:06, 18.
3. Нодирбек Матолибов (Узбекистон) - 1:06,24.
4. Раҳимҷон Калманов (Қазоқистон) - 1:06,31.
5. Ойбек Маҳмадаминов (Узбекистон) - 1:06, 59.
6. Юрий Чечун (Русия) - 1:07,46.
Занон
1. Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон) - 1:18,44.
2. Виктория Сергеева (Қазоқистон) - 1:19, 25.
3. Маҳинабону Комилова (Узбекистон) - 1:20,15.
4.Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон) - 1:25,03.
5.Уляна Кузминова (Тоҷикистон) - 1:25, 49.
6. Маҳина Боронова (Тоҷикистон) - 1:30, 12.
Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст. Аммо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.
Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар чордаҳ даври ниммарафони байналмилалии Душанбе ҷойи дувум миёни занон ва ҷойи чаҳорум байни мардон мебошад.
Ҳамаи ғолибони ниммарафони байналмилалии Душанбе:
Мардон
2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)
2011 – Михаил Биков (Русия)
2012 – Андрей Петров (Узбекистон)
2013 – Андрей Петров (Узбекистон)
2014 – Роман Романенко (Украина)
2015 – Юрий Чечун (Русия)
2016 – Либога Вилсон (Кения)
2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)
2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)
2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)
2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)
2022 - Тоо Лазарус (Кения)
2023 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)
2024 - Виталий Шафа (Украина).
Занон
2010 – Надежда Поволяева (Русия)
2011 – Алёна Самохвалова (Русия)
2012 – Камила Ханипова (Русия)
2013 – Александра Дулиба (Беларус)
2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)
2015 – Юлия Чиженко (Русия)
2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)
2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)
2022 - Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)
2023 - Екатерина Тунгускова (Узбекистон)
2024 - Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон).
Гуфтугӯ