Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниммарафони Душанбе бори 14-ум баргузор мешавад


20-уми апрел дар Душанбе ниммарафони XIV  байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон доир мегардад.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик, инчунин давандаҳо аз 22 шаҳри бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта ширкат меварзанд.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони XIV байнулмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 546 860 сомонӣ ихтисос додааст.

Варзишгаронн, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол мекунанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд: ҷойи 1-ум 38 500 сомонӣ, ҷойи 2-юм 33 500 сомонӣ, ҷойи 3-юм 27 500 сомонӣ, ҷойи 4-ум 22 000 сомонӣ, ҷойи 5-ум 19 800 сомонӣ, ҷойи 6-ум 16 500 сомонӣ.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байнулмилалӣ аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байнулмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.

Аммо соли 2020 ниммарафони байнулмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар мегирад, аз шоҳроҳи назди "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт соати 9-и субҳи шанбе шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ба поён мерасад.

Ниммарафони XIII байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 15-уми апрели соли 2023 дар Душанбе доир гардида буд, бо пирӯзии давандаҳо аз Узбекистон ба анҷом расид.

Дар байни мардон Шоҳрух Давлатов аз Узбекистон ғолиб шуд. Тилаҳун Гирма аз Эфиопия ҷойи дувум ва Раҳимҷон Ҳелманов аз Қазоқистон ҷойи севумро гирифтанд.

Се варзишгари тоҷик – Самариддин Азимов ҷойи чорум, Зуҳуршоҳи Наҷмиддин ҷойи панҷум ва Меҳроб Одинаев ҷойи шашумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Екатерина Тунгускова аз Узбекистон ғолиб омад. Ҷойи дувум насиби Уляна Кузминова аз Тоҷикистон гардид. Ҷойи севумро Зулҳиҷа Ғаффорзода аз Тоҷикистон азони худ кард.

Инчунин се ҷойи минбаъадаро варзишгарони тоҷик Раҷабмоҳ Абдуллоева (ҷойи чорум), Маҳина Баротова (ҷойи панҷум) ва Марҷона Маҳкамбекова (ҷойи шашум) касб карданд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар сездаҳ даври ниммарафони байнулмилалӣ ҷойи дувум миёни занон ва ҷойи чаҳорум байни мардон мебошад.

Ҳамаи ғолибони ниммарафони байнулмилалии Душанбе:

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2022 - Тоо Лазарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022 - Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)

2023 - Екатерина Тунгускова (Узбекистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG