Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои аҳди ҳампаймонӣ ва 27 санади дигар байни Тошканду Душанбе


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 18-уми апрел "Аҳдномаи Ҳампаймонӣ" ва 27 санади дигари ҳамкорӣ имзо карданд.

Дар ин рӯз Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад.

Вай дар изҳороташ Тоҷикистонро барои Узбекистон “шарики стратегии наздиктарин, боэътимодтарин ва озмудашуда” номид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки санади “Аҳдномаи Ҳампаймонӣ" "омили муҳимми таҳкими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад гардид."

Санадҳои дигари ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла, дар бахши сайёҳӣ, иқтисод, роҳу нақлиёт, амнияти озуқа ва фарҳанг миёни роҳбарони вазорату идораҳои ду кишвар ба имзо расиданд.

Равобити Душанбе ва Тошканд дар солҳои роҳбарии Ислом Каримов сард ва марзҳо баста буд.

Ин равобит баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 беҳбуд ёфт, вале ҳарду кишвар солҳои охир барои саркӯби дигарандешон, пахши гирдиҳамоиҳои осоишта ва боздошту ҳабси рӯзноманигорону блогерон танқид мешаванд.

XS
SM
MD
LG