Мунира Ҷобирова, сокини маҳаллаи Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамроҳи чор фарзандаш шаби пурташвишеро гузарондаанд. Сел хонаи навбунёди онҳоро чаппа кард. Ҳоло дар манзили ҳамсоя ҳастанд.
"Соати дувуними шаб кам-кам сел меомад. Гуфтам, ба мисли дафъаҳои пешина зуд мегузарад, аммо об зиёд шуд, ба хона даромад. Роҳи селро маҳкам кардам, вале зӯрам нарасид, манзиламро чаппа кард," – нақл кард ӯ рӯзи 15-уми апрел.
Мегӯяд, кӯдаконашро бо мадади ҳамсояҳо ва ба сахтӣ аз дами сел наҷот дод: "Кӯдакон тарсидаанд. Ҳоло дар хонаи ҳамсоя ҳастанд. Мегӯянд, ки ба берун намебароянд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Обу лой ба ҳавлии сокинони дигари ин маҳалла низ даромадааст. "Хонаву таҳхонаамон аз об пур шуд. Хӯрок, либос, ҳама чиз вайрон шуд," – гуфт Ҳоҷиакбар Носиров, сокини дигари маҳаллаи Турдиев.
Мақомот мегӯянд, барои тоза кардани хонаҳои мардум мошину дастгоҳ фиристоданд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ҷойи ҳодиса диданд, ки теъдоди техника кофӣ нест ва биноан баъзе аз мардум хонаҳояшонро бо ёрии якдигар аз обу лой пок мекунанд.
Ҳотамшоҳ Латифзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, зарари расида ба 24 манзил "ҷиддӣ нест". Хисороти умумӣ ҳанӯз ҳисоб нашудааст.
"Мутаассифона, ба заминҳои назди ҳавлӣ, инчунин, баъзе аз иншооти ёрирасон обу лойқа даромадааст. Як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Тамоми техникаву механизмеро, ки ин ҷо бояд кор кунанд, овардем. Як экскаватор, як "мехлопата", се мошини махсус бо "мотопомпа"-ҳо барои кашонидани об кор карда истодаанд," -- шарҳ дод ӯ.
Латифзода иддао кард, ки аз пеш барои рафъи оқибатҳои ҳодиса омодагӣ доштанд ва селпарторо якуним моҳ пеш пурра тоза карда буданд. "Мутаассифона, аз баландӣ хасу хошокро оварда, маҷрои обро бастааст," – афзуд мансабдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Баъзе аз сокинон чизи дигар мегӯянд. "Канал маҳкам шудааст. Онҷо пул ҳаст. Зери онро хуб тоза накардаанд," – гуфт Ҳоҷиакбар Носиров, сокини маҳаллаи Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари боронҳои чанд рӯзи охир дар ҷамоати Зайнабободу Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат низ об ба ҳавлии сокинон даромада, сатҳи оби дарёи Ёхсу дар деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ боло рафтааст. Дар Душанбе борони зиёд боиси муваққатан баста шудани баъзе аз роҳҳо гардид.
Сокинони Тоҷикистон дар гузашта борҳо аз зиёни селу боронҳои пуршиддат ва камтаваҷҷӯҳии мақомот шикоят кардаанд. Тоҷикистон кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона аз онҳо миллионҳо доллар зиён мебинад.