Ба навиштаи расонаҳои Русия, муҳоҷирон ҳангоми занозанӣ дар баробари мушту лагад аз сангу чӯб истифода кардаанд.
Раёсати Кумитаи тафтишотии Маскав нисбат ба ҳодиса бар асоси моддаи “авбошӣ” парванда боз кардааст. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ҳувияти шикратдорони занозаниро муайян карда, қонунӣ будани кору зиндагии онҳоро дар Русия месанҷанд.
Ба ин монанд тақрибан даҳ муҳоҷир дар хиёбони Столипини Саратов бо ҳам занозанӣ кардаанд. Саҳифаҳои “Маш” ва “База” дар Телеграм наворҳоеро гузоштанд, ки дар он як мошини “Лада” ба болои муҳоҷирони дар ҳоли муноқиша ҳаракат мекунад.
Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон зиёд иттифоқ меуфтад. Вазорати корҳои дохилии Русия муҳоҷиронро барои ширкат дар занозаниҳои гурӯҳӣ аз қаламрави кишвар меронад.