Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саропо ишқ ва ё ин бачаҳоро дар хона нигаҳ надоред. Филми мустанад


Сабрина Солеҳова мегӯяд, табибон ба ӯ гуфтанд, ки ҳамин ҷигарбандашро "бурда партояд", вале ӯ ин корро накард ва аз меҳрубонии писараш мефахрад.
Сабрина Солеҳова мегӯяд, табибон ба ӯ гуфтанд, ки ҳамин ҷигарбандашро "бурда партояд", вале ӯ ин корро накард ва аз меҳрубонии писараш мефахрад.

Дар Тоҷикистон садҳо кӯдак ҳар сол бо синдроми Даун ба дунё меоянд. Баъзе аз падару модарон онҳоро дар хона нигаҳ медоранд, чун фикр мекунанд, ки мардум ба онҳо механданд. Дар ин филми мустанад аҳволи кӯдакону калонсолони гирифтори синдроми Даун дар Тоҷикистонро тасвир шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳар сол аз 230 то 250 тифли дорои синдроми Даун таваллуд мешавад. Омор тахминист ва теъдоди онҳо сол ба сол меафзояд. Ба ҳисоби “Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ” сари 700-800 таваллуд мумкин аст, яке аз онҳо гирифтори синдроми Даун бошад.

Иқтибосҳое аз сӯҳбатҳои модарони кӯдакону ҷавонони дорои синдроми Даун:

Сабрина Солеҳова, модари Худойбердӣ: “Бурда парто гуфтанд, духтуро дар Зафаробод ҳам гуфтанд ҳамин гапро. Ин сиҳат намешавад, инро бурда дар парваришгоҳ партофтан даркор."

Таҳмина Ҳакимова Рис, бунёдгузори “Назари дигар”:

“Пажуҳиши мо нишон дод, ки алалхусус дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе дар таваллудхонаҳо кормандони шифохона пешниҳод мекунанд, ё ҳатто волидонро маҷбур мекунанд, ки аз кӯдак даст бикашанд. Ба назари ман, ин ҷиноят аст. Фақат барои онки навзод дорои синдроми Даун аст, ба ҷойи дастгирӣ, волидонро гунаҳкор мекунанд ва пешниҳод мекунанд, ки аз кӯдак даст кашад.”

Саропо ишқ, ё ин бачаҳоро дар хона нигаҳ надоред
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:17 0:00

Санавбар Дониёрова, модари Ҳайдархӯҷа: “Аз табиб пурсидам, ки муаллимаҷон чаро шумо бисёр даводав мекунед. Сонӣ вай гуфт, ки муаллима, шумо мебахшеду номери забони бачаатон калон. Номери забони бачаатон калону вай гап заниву таллафузаш мушкил.”

Диёр Неъматов, ихтиёрӣ ва сокини шаҳри Хуҷанд: Назари одамон баъзеаш ин аст, ки агар дар кӯча бинанд, мегӯянд, э вая бин инхел аст. Инҳо бемории Даун, яъне бемории офтоб мегӯянд. Инҳоро баръакс ҳурмату иззат кардан даркор дар кӯча. Одамони бисёре, руст (пинҳон) мекунанд, фарзандонашонро. Ҳоло агар дар кӯча меравед, мебинам, ки нигоҳ мекунанду, мегӯянд, афти бачаро бин. Баъзеҳо ба нохуни фарзанд зоранд.”

Дилфуза Ҳоҷиева, муаллима ва ихтиёрӣ дар созмони “Назари дигар”:

"Сол ба сол нигоҳ ба чунин кӯдакон, ба кӯдакони офтобӣ дигар мешавад. Яъне солҳои гузашта онҳоро қабул надошта бошанд, ё инки онҳоро дар хона нигоҳ медоштанд, ё умуман сухан намерафт дар бораи онҳо, ҳоло бошад, чӣ хеле мегӯянд, марҳила ба марҳила, ин чиз дигар мешавад. Яъне падару модарон ҳам мехоҳанд, ки кӯдакони онҳо бароянд, бинанд, дар мактаб хонанд, ташаккул ёбанд."

XS
SM
MD
LG