Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нисбати муҳоҷирон рафтори бад мекунанд"


Баъзе муҳоҷирон мегӯянд, баъди ҳодисаи "Крокус" онҳоро аз ҷойи кор пеш кардаанд.
Баъзе муҳоҷирон мегӯянд, баъди ҳодисаи "Крокус" онҳоро аз ҷойи кор пеш кардаанд.

Ҳамла ба толори консертии "Крокус" ва боздошти камаш 7 зодаи Тоҷикистон, нигарониҳоро дар миёни муҳоҷирон ва пайвандони онҳо зиёд кардааст. Бархе муҳоҷирон мегӯянд, онҳоро аз ҷой корашон пеш карданд. Дар Тоҷикистон ҳам нигарониҳо аз ояндаи муҳоҷирон дар Русия кам нест. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки рӯзҳои ахир аз пайвандонашон дар Русия чӣ мешунаванд? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:

  • Дирӯз бо писари аммаам гап задам, гуфтанд, ки вазъият камтар вазнинтар аст. Нисбати муҳоҷирон тундрафторӣ карда истодаанд.
  • Дар ин ҳолат мо бояд якдигарро пуштибонӣ кунем, ба гардан нагирем.
  • Духтарони холаам аз ҷойи ҳодиса дуртар зиндагӣ мекунанд. Тарсу ваҳм доранд, баъди ин қадар кор муҳоҷирон метарсанд.
  • Ҳамин саҳар бо писарам суҳбат кардам, онҳо ҳам зиқ ҳастанд, ки инхел кор шуд.
  • Ду писарам дар Русия гуфтанд, ки ҳозир тинҷ аст. Аммо мо хавотир ҳастем, сад одам зиёд мурдагӣ аст.
  • Бародарон ва шавҳарам дар Русия ҳастанд, нони даҳонамон аз ҳамонҷо аст. Мегӯянд, ки вазъият дар Санкт-Петербург дар ҳоли ҳозир тинҷ аст. Худо нигоҳдорашон бошад.

Посухи сокинонро дар инҷо тамошо кунед:

Ҳамла ба "Крокус" наздикони муҳоҷиронро нигарон кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Русия мизбони ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Қаблан низ муҳоҷирон аз рейдҳои зиёд ва бадрафтории пулиси Русия шикоят доштанд. Вазъе, ки ба гуфтаи баъзе муҳоҷирон ҳоло бадттар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG