Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: Додситон ба Дилшод Саидмуродов ва Қамар Азизов ҳабси абад хост


Акси Дилшод Саидмуродов (чап) ва Шӯҳрат Исматуллоев (рост)
Акси Дилшод Саидмуродов (чап) ва Шӯҳрат Исматуллоев (рост)

Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, додситон барои гумонбарон дар парвандаи қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси "Ориёнбонк", солҳои дарози зиндон талаб кардааст. Аз ҷумла, ҳабси якумрӣ барои Дилшод Саидмуродов, машҳур бо лақаби "Дилшоди СБ" ва соҳибкор Қамарруззамон Азизов.

Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар умум додситон барои чор гумонбар ҳабси якумрӣ ва барои даҳ нафари дигар аз 3 то 14 сол зиндон хостааст.

"Гумонбарон танҳо ба куштани Шӯҳрат Исматуллоев муттаҳам нестанд. Ба зидди баъзе аз онҳо барои хабар надодан ё пинҳон доштани ҷиноят парванда боз кардаанд ва барои ҳамин ҷазояшон камтар аст," -- афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Манбаи дувум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам тасдиқ кард, ки "баъд аз талаби додситон, додрас ба хонаи машваратӣ рафт". Ба гуфтаи ӯ, "рӯзҳои наздик ҳукми додгоҳ нисбат ба 14 нафар содир мешавад".

Назари ҷонибҳо ба ҷараёни мурофиа ва талаби додситон маълум нест.

Муҳокимаи муттаҳамон дар қатли Шӯҳрат Исматуллоев дар аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил аст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев ба зидди 18 кас парванда кушодаанд. Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.

Яке аз онҳо Рустам Ашӯров дар моҳи июни соли 2023 ҳангоми кӯшиши даромадан ба Молдова дар фурудгоҳи Кишинёв ду нафарро кушт ва худаш ҳам чанд рӯз баъд дар бемористон даргузашт.

Гумонбари дигар Парвиз Мустафоқулов 27-уми августи соли гузашта дар боздоштгоҳе дар Душанбе даргузаштааст. Мақомот сабаби марги ӯро "пневмонияи музмини шушҳо" гуфтанд, аммо иттилои алтернативӣ дар ин бора дар даст нест.

Ба иттилои расмӣ Шӯҳрат Исматуллоевро 23-юми июни соли 2023 аз назди хонааш дар шаҳри Душанбе рабуда, баъд аз шиканҷа ба қатл расондаанд. Ҷасадашро 13-уми август аз дарёи Зарафшон ёфта, дар Душанбе дафн карданд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ 15-уми феврал гуфт, ангезаи ин ҳодиса пул аст.

Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ки раҳбараш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон аст, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд.

Ин қазия ба сабаби наздикии Шӯҳрат Исматуллоев бо хонаводаи президент шубҳаву гумон ва фарзияҳои зиёдеро ба миён овард, вале молики "Ориёнбонк" расман ҳеч гуна шарҳ ё раддияе нашр накардааст.

XS
SM
MD
LG