Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии чанд корманди Фурудгоҳ барои фирори Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш


Дилшод Саидмуродов
Дилшод Саидмуродов

​​​​​​​Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон бозпурсии чанд корманди Фурудгоҳи Душанберо дар пайванд ба фирори Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш, ки ба қатли бонкдори тоҷик муттаҳам ҳастанд, тасдиқ кард. Вале гуфт, онҳоро ба ҳабс нагирифтаанд.

"Бозпурсӣ карданд, тамом, дигар чизе тасдиқ нашуд," – гуфт Дилшод Сафарзода, раиси Оҷонсӣ рӯзи 31-уми январ.

Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш ба рабудан ва куштани муовини аввали раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев муттаҳам ҳастанд.

Раёсати бонкро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон, бар дӯш дорад. Яке аз муовинони ӯ Зарина Раҳмон, низ духтари раисҷумҳур аст.

Пештар баъзе аз манобеъ гуфта буданд, ки чанд корманди Фурудгоҳ барои "мусоидат ба фирори гумонбарон ба воситаи толори меҳмонони вижа" дастгиру бозпурсӣ шудаанд. Тафсилоти дигаре дар бораи тақдири онҳо ба даст наомада буд.

Дилшод Сафарзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Ҳар корманди фурудгоҳ ва толори гусел кори худро анҷом медиҳанд. Хазинадоре, ки билетро фурӯхт, аз куҷо медонад, харидор бо кадом мақсад харидааст.”

“Ҳоло тамоми билетҳоро ба таври электронӣ банд мекунанд. Аз сомонаи ширкатҳо низ харида метавонанд," – афзуд ӯ.

Пештар як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Фурудгоҳи Душанбе низ гуфта буд, ки замоне Дилшод Саидмуродов кишварро тарк мекард, ҳанӯз даст доштанаш ба ҷиноят маълум набуд. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “то анҷоми парвандаи ҷиноӣ, гурӯҳе аз кормандони фурудгоҳ, ки он шаб навбатдор буданд, ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шуда буданд.”

Муҳокимаи муттаҳамон ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини аввали раиси "Ориёнбонк", дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Баъзе аз онҳоро аз Туркия ва Русия овардаанд.

Дар умум 14 нафар ҷавобгар ҳастанд. Ба далели баста будани мурофиа ҷузъиёт дастрас нест. Яке аз муттаҳамон Дилшод Саидмуродов, машҳур бо лақаби "Дилшоди СБ", дар гузашта дар Вазорати умури дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон кор кардааст.

Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд. Ба гуфтаи мақомот, ӯро 23-юми июн аз назди хонааш дар шаҳри Душанбе рабуда, баъд аз шиканҷа ба қатл расондаанд.

Тибқи баъзе аз наворҳои лаҳзаи бозпурсӣ ангезаи ҳодиса пул гуфта шудааст, вале тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест. Ва ҳам дақиқ нест, ки ин наворҳо дар куҷо ва дар чӣ шароите сабт шуда ва ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд.

Ҷасади муовини пешини раиси “Ориёнбонк” моҳи августи соли 2023 дар минтақаи Саразми Панҷакент ва аз дарёи Зарафшон пайдо шуд. Ӯро дар Душанбе дафн карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG