Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дуоям ин аст, ки мактабҳо ба рӯи духтарон боз шаванд"


Муска Шоҷӣ
Муска Шоҷӣ

Як сол пеш Муска Шоҷии 13-сола ҳамроҳи оилааш аз Афғонистони зери назорати "Толибон" фирор кард ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико паноҳ бурд. Ин духтар ҳоло дар синфи 7 мехонад ва медонад, ки агар дар Афғонистон мебуд, таҳсил барояш номумкин мешуд.

Гурӯҳи "Толибон" баъди ба сари қудрат омадан дар моҳи августи соли 2021 таҳсили духтаронро аз синфи шаш ба боло манъ кард. Оилаи Муска мегӯяд, зиндагӣ дар низоми "Толибон" хатарноктар мешуд ва онҳо маҷбур шуданд, аз Афғонистон фирор кунанд.

Муска ҳоло хонандаи синфи 7-и яке аз мактабҳои Калифорния бо номи Хонаи Куҳӣ аст. Мактаби ӯ дар сад километрии шарқи Сан-Франсиско ҷойгир шудааст.

"Агар ҳозир дар Афғонистон мебудам, ин фурсат бароям дода намешуд, ки дар мактаб дарс хонам. Мутаассифона, ин ҳолат ба сари ҳамдарсҳои ман, ки дар синфи 3-4 ҳамроҳашон хондам, омадааст. Онҳо феълан наметавонанд дар Афғонистон ба мактаб раванд", -- бо ҳасрат мегӯяд Муска.

Сират Шоҷӣ, бародари Муска, мегӯяд, хушбахтанд, ки ба Амрико кӯчиданд. Ба гуфтаи Сират, як фоидаи кӯчидан ба Амрико ин аст, ки хоҳараш метавонад дар паҳлуи ӯ ба мактаб равад.

“Ман худро дар ин арса бисёр хушбахт эҳсос мекунам, аммо бисёр мутаассир ҳастам барои духтарон дар Афғонистон," -- афзуд ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

“Дуоям ин аст, ки мактабҳо ба рӯи духтарон боз шаванд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

"Толибон" на танҳо таҳсили занону духтаронро дар мактабу донишгоҳ манъ карданд, балки ба онҳо ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ ва созмонҳои иҷтимоиро намедиҳад, рафтани онҳо ба боғҳои истироҳатӣ ва толорҳои варзиш манъ аст.

Зуҳал Шоҷӣ, модари Муска ва Сират, дар Кобул омӯзгор буд. Барои ӯ таҳсили фарзандонаш аввалиндараҷа аст.

Муска баъзан дар бораи он духтарони афғонистонӣ фикр мекунад, ки натавонистанд Афғонистонро тарк кунанд. Мегӯяд, ҳеч гоҳ аз ёдаш намеравад, ки духтарон дар Афғонистон наметавонанд ба дарс раванд: "Ҳар рӯз дуои ман ин аст, ки мактабҳо ба рӯи онҳо боз шаванд".

Гурӯҳи "Толибон" ҳамвора мегӯянд, манъи таҳсили духтарон як чораи муваққатӣ аст. Мунтақидон мегӯянд, аз ҳукмронии толибҳо зиёда аз ду сол мегузарад, аммо онҳо ҳанӯз ба таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳ иҷозат намедиҳанд.

Коршиносони Созмони Милал дар моҳи августи соли 2023 гуфтанд, "Толибон" дар дувуним соли ҳокимияти худ дар Афғонистон ба нақзи ҳуқуқи башар, бахусус маҳдудият алайҳи занону духтарон, идома доданд.

Раҳбарони Толибон дар музокироти Қатар ва кишварҳои дигар ваъда дода буданд, ки ба занон ҳаққи комили таҳсил ва кор дода мешавад ва ҳуқуқи башар риоят хоҳад шуд. Чизе, ки ҷаҳон баръакси онро шоҳид шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG