Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотима ва хоҳару бародарони саргардону дур аз таҳсилаш дар Покистон


Фотима Амирӣ ва хоҳару бародаронаш дар Покистон ҳаққи таҳсил надоранд
Фотима Амирӣ ва хоҳару бародаронаш дар Покистон ҳаққи таҳсил надоранд

Фотима Амирӣ ва хонаводааш ду сол пеш аз Афғонистон ба Покистон фирор карданд, чун Толибон ба ӯ ва хоҳаронаш иҷоза намедонанд, ки ба мактаб бираванду савод бигиранд. Аммо дар Покистон ҳам иқболи Фотима баландӣ накард, чун дар инҷо ҳам имкони рафтан ба мактабро надоранд.

Фотима Амирӣ, соли 2021 мактаби миёнаро хатм мекард, ки Толибон ҳукуматро гирифтанд ва ба ӯву ҳамсолонаш иҷоза надоданд, ки ба мактаб бираванд. Фотима чанд моҳ баъд ҳамроҳи падару модар ва 7 хоҳару бародараш ба Покистон гурехтанд. Дар маҳаллаи Барака дар канори Исломобод зиндагӣ мекунанд. Фотима мегӯяд, манъи таҳсил дар Афғонистон бас набуд, ки инҷо дар Покистон ҳам онҳоро ба мактаб роҳ намедиҳанд.

Фотима Амирӣ, паноҳҷӯи афғон: “Дар Покистон сарнавишти мо маълум нест. Ман худам мехостам, табиб шавам. Орзуи падару модарам буд, орзуи худам ҳам. Вале инҷо ҳамаашро фаромӯш кардам.”

Ба ҷойи рафтан ба мактаб, Фотима дӯзандагӣ мекунад, то ба оила дар пардохти иҷора ва хариди нону об кӯмак расонад.

Баъди бозгашти Толибон ба қудрат, ба гуфтаи Созмони Милал, 700 ҳазор афғон ватани хешро ночор тарк карданд. Занони афғон ҳам бо амри Толибони тундрав аз ҳаққи таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ маҳрум шуданд. Падари Фотима Амирӣ мегӯяд, надоштани санади паноҳандагӣ, таҳсили бачаҳояш дар мактабҳои Покистонро номумкин кардааст.

"Ҳамингуна бадбахт, ҳамингуна сардаргум мондаанд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Ғулом Аббос Амирӣ, падари Фотима: “Мо ба хотири пулис баромада наметавонем, ки пулисҳо моро нагиранд. Муддати ду сол ба мо як ҷойи истиқомат додан халос, дигар ҳеч коре накарданд. Мо ҳеч кор карда наметавонем, берун рафта наметавонем, гашта наметавонем, дигар ҳатто як хона барои худ гирифта наметавонем. Хона ба мо намедиҳанд. Инҷо як ҷойи дурдаст аст, ки аз ҳама чиз дур аст. Не бозоре, не шифохонае, ҳеч чиз нест дигар. Ин хона барқ ҳам надорад.”

Нигарониаш беасос нест. Давлати Покистон аз моҳи ноябри соли 2023 садҳо ҳазор паноҳҷӯи бесанадро ба Афғонистон бозпас фиристод. Модари Фотима мегӯяд, ӯ на танҳо аз эҳтимоли ихроҷ, балки ояндаи кӯдаконаш нигарон аст.

Гулбегим Амирӣ, модари Фотима: “На ҷойи дуруст дорад, на дарсу хӯроки дуруст дорад. Ҳамин мушкилотро доранд, ки ман хеле нигаронам, ки ояндаи инҳо чӣ рақам мешавад. Ҳамингуна бадбахт, ҳамингуна сардаргум мондаанд инҳо.”

Фотима мегӯяд, бахусус аз ояндаи хоҳару бародаронаш нигарон аст, ки ду сол боз дарс нахондаанд. Фотима Амирӣ, паноҳҷӯи афғон:

“Хоҳаронам, бародаронам ҳамаашон хурд ҳастанд.Ҳамин ҳоло бояд дарс бихонанд, вале дар як ҷои бисёр дур ҳастем. Дар он тарафҳо хона гирифта наметавонем, чун аснод надорем. Намедонам, сарнавишти мо чӣ хоҳад шуд. Назар ба ояндаи худам, нигарони ояндаи бародаронаму хоҳаронам ҳастанд, ки чӣ мешавад. Ҳамаашон хурд ҳастанд. “

Танҳо умеди Фотима Амирӣ рафтан ба ягон кишвари дигарест, ки онҷо кӯдакон имкони таҳсилро дошта бошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG