Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии рӯзноманигори тоҷик баъди 11 соли зиндон


Пас аз 11 соли зиндон, рӯзноманигори Муҳаммадюсуф Исмоилов ба озодӣ баромад, аммо то соли 2025 ҳаққи хабарнигорӣ ё ҳамкорӣ бо расонаҳоро надорад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори мустақил ва муаллифи даҳҳо мақолаи танқидӣ ҳоло бештари вақташро ба сохтани тасвирҳои вожаёбӣ ё худ чайнворд сарф мекунад. Чайнворди нави ӯ ба иди ҷаҳонии бонувон бахшида шудааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, дар сӯҳбати бо Радиои Озодӣ дар бораи ин кори худ гуфт: "Он шаклҳое, ки ман месозам, таъриф нашаваду дар ягон рӯзномаҳо намебинам. Шакли муамморо ҷомаву тоқиву пӯшоку хӯроки тоҷикӣ пӯшонидан дар рӯзнома, дар Тоҷикистон ман кашф кардам. Вале афсӯс, ки дигар рӯзномаҳо маро кам мефаҳманд”.

Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳаққи рӯзноманигорӣ надорад ва чайнворд месозад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

На ҳама рӯзномаву нашрияҳо кросворду чайнворд нашр мекунанд, ҳарчанд ин жанрҳо на танҳо барои фароғат, балки рушди зеҳн низ муҳиманд. Чайнвордҳои Муҳаммадюсуф Исмоилов мураккабтаранд ва тақрибан сад суолро дар бар мегирад. Онҳое, ки ҷавоби ҳамаи онҳоро дуруст меёбанд, аз тарафи нашрияҳо ҷоиза мегиранд. Вале Исмоилов гила аз он дорад, ки на ҳама соҳибони нашрия ин навъи саргармӣ дар расонаҳоро мефаҳманд.

“Аз кулли рӯзноманигорон ва онҳое, ки соҳиби маҷаллаву рӯзнома ҳастанд, хоҳиш мекунам, ки ба кросворд-чайнвордҳои ман мароқ зоҳир кунанд ва хонандагонашонро аз ин ҷиҳат ҳавасманд кунанд. Ба мисли рӯзномаи Ҷумҳурият. Агар ин тавр мешуд нуран алонур буд ва шояд рӯзномаҳо бо ин шева аз муфлисшавӣ наҷот ёбанд”.- афзуд, рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов.

Ҳоло аксари чайнвордҳояшро Муҳаммадюсуф Исмоилов ба рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” мефиристад . Вале ба қавли ӯ чайнвордҳояшро ҳанӯз аз овони наврасӣ дар рӯзномаҳои "Ҷавонони Тоҷикистон", "Пионерони Тоҷикистон", "Садои Мардум", "Ленинабадская Правда", "Овози тоҷик" ё "Ҳақиқати Узбекистон" чоп мекард ва дар замони Шӯравӣ музди хуб мегирифт.

“Пули кӯҳнаро ба ҳозира агар қиёс кунем, ба ҳар як чайнвордам 70-80 сум медоданд. Чунки он вақт як халта орд 12 сум буд”.- ба ёд овард, рӯзноманигор.

Исмоилов мегӯяд, то ҳоло ҷамъан беш аз ҳазор чайнворд нашр кардааст. Оянда ният дорад ҳамаи чайнвордҳояшро ба шакли маҷмуа ба чоп расонад ва барои худ сарпараст меҷӯяд. Ҳоло моҳе ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақа мегирад ва бо маблағи чайнвордҳояш ба душворӣ рӯзгорашро пеш мебарад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов 8 солу 10 моҳро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кард. Моҳи апрели соли 2022 ӯ аз зиндон озод шуд. Рӯзноманигорро соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум карда буданд, ҳарчанд худаш мегуфт, ки бегуноҳ аст ва барои мақолаҳои танқидиаш дар бораи мақомоти маҳаллӣ аз ӯ ниқор гирифтаанд.

Бар асоси қонунҳои афве, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон қабул карданд, аз ҳукми зиндони хабарнигор чанд сол коста шуд. Муҳаммадюсуф Исмоилов, дар гузашта дар ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” ва чанде дигар аз нашрияҳо кор кардааст.

Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи "Ашт валангор мегардад" бо иттиҳоми “таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт карданд ва 11 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштанд. Дар умум вай тақрибан 11 соли умрашро паси панҷара гузаронидааст. Бо ин вуҷуд ӯ ҳақ надорад, аз замони озодиаш то се соли оянда ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад. Вале ба қавли Исмоилов фазои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон тангтар шудааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигор: “То солҳои 2014 рӯзномаҳои мустақил хеле бисёр буданд. Он рӯзномаҳо бисёр камбудиҳоро ошкоро мегуфтанд ва албатта роҳбаронро ба кор кардан водор мекард. Вале афсӯс, ки бояд гӯям ва роҳбарон аз ман хафа нашаванд, ҳоло дар Тоҷикистон қариб рӯзномаҳои мустақил намонд. Он мақолаҳое, ки мо дарди ҷомеаро ифшо мекунем, хоҳ бовар кунед ё не, рӯзномаҳо қариб чоп намекунанд”.

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 рӯзноманигору блогер дар зиндон ҳастанд. Ҳамаи онҳо қариб дар як соли 2022 ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аз ҷумла, Далери Имомалиро, ки блогҳои видеоияш бинандаи зиёд дошт, ба гуноҳи соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” даҳ сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомот аз ӯ барои гузоришҳои танқидиаш ниқор гирифтанд.

Ҳукумати Тоҷикистонро солҳост, барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорону дигарандешон аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ сахт танқид мешавад

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG