Аммо чаро бо гузашти солҳои дароз ҳукумат ба ин ҳадаф нарасид ва ҳар сол дар фасли зимистон, бинобар набуди нерӯи барқ оилаҳо мефавтанд. Сабаб чист: кам будани об дар обанбори Норак, афзоиши сол ба соли талабот ба нерӯи барқ ё мудирияти нодуруст?
Ин аст мавзуи барномаи Гапи Озод.
Меҳмонони мо: Додоҷон Ёқубов, устоди собиқи Донишгоҳи Хуҷанд ва муаллифи мақолаҳои таҳқиқотӣ дар бораи нерӯи барқу обанборҳо ва Алим Шерзамонов муовини раиси Паймони милии Тоҷикистон.
Мо саъй кардем, касе аз ширкати "Барқи тоҷик" ва коршиносони соҳа дар Тоҷикистон дар барномаи Гапи озод ширкат кунанду ба суолҳо посух диҳанд, вале мутаассифона, розӣ нашуданд.
Чанд суоли матраҳшуда дар барнома:
- Дар чанд ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон аз дуди ангишт дар умум 9 нафар, аз ҷумла шаш узви як оила ҷон бохтанд. Азбаски нерӯи барқ надоштаанд, маҷбур барои гарм кардани хона аз ангишт истифода бурдаанд ва ин фоҷеаҳо пеш омад. Ҳеч касе аз мақомоти "Барқи Тоҷик", ё масъулони ин соҳа вазъи пешмодаро шарҳ намедиҳад ва хомӯширо бартар медонанд. Чаро?
- Азбаски мушкилоти соҳаи энергетика дар Тоҷикистон солҳост идома дорад, бо кӯмаку тавсияҳои созмонҳои молии ҷаҳонӣ аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, ширкати "Барқи Тоҷик"-ро ислоҳ ва ба чанд бахш тақсим карданд, то мудирият дар он дуруст шавад. Аммо чаро ҳосилашро то ҳол намебинем?
- Дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва бахусус баъди хотимаи ҷанги дохилӣ 287 нерӯгоҳи барқии хурду бузург сохта шуд ва дар маҷмӯъ, 75 дарсади зербунёдҳо таъмир шудааст. Иқтидори энергетикии Тоҷикистон 2000 мегаватт зиёд гашт. Мақомот мегӯянд, талаботи мардум ва корхонаҳо аз ин ҳам зиёдтар аст. Назари шумо ба ин гуфта чӣ ҳаст?
Барномаро инҷо бубинед: