Дар мусобиқоти имсола 12 бошгоҳ – «Истиқлол» Душанбе, КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата» ва «Хуҷанд» (ҳарду аз шаҳри Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) - ширкат мекунанд.
Бар асоси қуръакашӣ дар нахустин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 дастаҳои зерин бо ҳам рӯбарӯ мешаванд:
«Хуҷанд» – «Эсхата»
«Ҳосилот» – «Кӯктош»
«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»
«Истиқлол» – «Истаравшан»
«Барқчӣ» – «Равшан»
«Панҷшер» – КМВА
Тақвими комили бозиҳои мавсими нави қаҳрамонии Тоҷикистон аз рӯи ҷадвали олим ва шоҳмотбози машҳури австриягӣ Питер Бергер тартиб дода мешавад.
Мусобиқоти 33-юми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 6-уми апрел оғоз меёбад.
Зимнан, дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ теъдоди тимҳои иштироккунанда ду адад зиёд шуда, ба 12-то расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонии бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат карда наметавонад.
Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта - «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ гузаштааст, иваз мекунад.
Илова бар ин, бинобар ба 12 адад расидани шумораи дастаҳо дар қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 тимҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар иштирокашонро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи мусобиқот ҷавобгӯ буда, аз маъракаи иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд.
Дастаҳои «Хулбук»-и Восеъ ва «Моҳир»-и Ёвон, ки дар мавсими гузаштаи лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.
Тибқи қарори кумитаи иҷроияи ФФТ мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Умуман, дар мавсим ҳар як даста 22 бозӣ мегузаронад.
Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқот ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.