Ин маърака якуми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон ҳар сол ду дафъа дар баҳору тирамоҳ ҷавононро ба хидмат мебаранд.
Тақрибан дар ҳар мавсим шикоятҳо аз сарбозшикор ё “облава” ва фишор ба волидон расонаӣ мешавад.
Ҳафтаи гузашта аз чанд минтақаи Тоҷикистон шикоят расид, ки аз волидони чанд ҷавон талаб намудаанд, фарзандонашонро аз Русия оварда, ба артиш фиристанд.
Мақомот ин шикоятҳоро тасдиқ намекунанд.
Тибқи фармони нав, сарбозоне, ки муҳлати хидматро адо кардаанд, дар моҳҳои апрел ва майи имсол ба хона ҷавоб дода шаванд.