Ба иттилои ФФТ, бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонии бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат карда наметавонад.
Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта - «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз мекунад.
Илова бар ин, бинобар ба 12 адад расидани шумораи дастаҳо дар қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 тимҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар иштирокашонро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи мусобиқот ҷавобгӯ буда, аз маъракаи иҷозатномадиҳӣ бомуваффақият гузаштаанд.
Дастаҳои «Хулбук»-и Восеъ ва «Моҳир»-и Ёвон, ки дар мавсими гузаштаи лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.
Тибқи қарори кумитаи иҷроияи ФФТ мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.
Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқот ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Бо қарори кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқоти 33-юми қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 6-уми апрел оғоз меёбад.
7-уми март дар «Кохи Парфенон»-и пойтахт маросими қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад.
Дар мусобиқоти имсола 12 бошгоҳ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) - ширкат мекунанд.