Кетрин Грот, таҳлилгари созмони Хонаи Озодӣ, гуфт, озодиҳои сиёсӣ "дар саросари Осиёи Марказӣ ҷиддан осеб дид."
Ӯ рӯзи 9-уми март аз Вашингтон гуфт: "Тоҷикистон дар соли 2022 яке аз кишварҳои саркӯбгар монд. Дар радабандии озодиҳо аз 100 хол ҳамагӣ 7 хол гирифт. Ин нишондод ба сабаби маҳдудиятҳои ҷорикардаи ҳукумат нисбат ба созмонҳои маданӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон поин рафт."
Хонум Грот афзуд, як сол ҷанги бедалели Русия дар Украина ба вазъи ҳуқуқи одамон дар кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бетаъсир намонд.
"Ин минтақа макони кишварҳои ноозод аст, ки давоми даҳ соли охир ин мақомро нигоҳ медоранд. Сиёсати худкомаи Русия ба бисёре аз кишварҳо ва соҳаҳо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсир кард ва ин чиз мояи нигаронӣ аст," -- шарҳ дод ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Ин дар ҳолест, ки намояндагони давлати Тоҷикистон тайи моҳҳои охир дар бораи "ҳалли" масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон гузориш медиҳанд.
Дар нишасти хабарӣ ва маърузаи солонаи Омбудсмени Тоҷикистон овардани "146 зану кӯдак аз урдугоҳҳои Ховари Миёна" ва "қабули қонун дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз"-ро мисол овардаанд. Омбудсмен дар маърузааш ҳамчунин гуфтааст: "Дар соли 2022 дар бораи вайрон кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 984 муроҷиат ворид шуд ва нисбат ба гунаҳгорон чора андешида шуд."
Дар айни замон дар бораи саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон дар моҳи майи соли 2022 ва ҳукми ҳафт журналисту блогери тоҷик чизе гуфта нашудааст. Дар ҳодисаҳои ВМКБ даҳҳо кас кушта, маҷруҳ ва даҳҳо нафари дигар боздошту зиндонӣ гардиданд.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, Шермуҳаммади Шоҳиён, дар моҳи феврали имсол ҳукми фаъолонро аз Бадахшон "мутобиқ ба қонун" номид. Созмонҳои байнулмилалӣ ҳукмҳоро ноодилона хонда, ба раҳоии маҳкумшудаҳо даъват карданд.
Фаъоли сиёсии тоҷик дар Аврупо, Вайсиддин Одинаев, мегӯяд, аз назари ӯ, вазъ дар Тоҷикистон "тақрибан ба Туркманистон баробар аст".
Ӯ рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Аз соли 2011 ба ин тараф бадшавии вазъи ҳуқуқи одамон аз хати сурх гузаштааст. Ҳар рӯз боло мераваду поин не. Созмонҳои ҷаҳонӣ вазъро дар Тоҷикистон бояд ҷиддӣ назорат кунанд. Шумораи қурбониёни сиёсӣ, ҳабси рӯзноманигорон, ҳуқуқдонҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ меафзояд." Вазъияте, ки ба бовари Одинаев, дар сурати идомааш Тоҷикистонро ба "як Кореяи Шимолии дигар" табдил хоҳад дод.
Гуфтугӯ