Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқ нест, хонаҳо сард ва кӯдакон бемор шуданд"


"Хунук хӯрдем, шаҳр рафтем, хонаамонро дузд зад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

"Бинед, мардуми тоҷик чӣ ҳол дорад. Барқ нест. Аз субҳ. Дар куҷо Тоҷикистон ба пеш? Ягон ҷо барқ надорад. Ноҳияи Фирдавсӣ. Барқ нест. Кӯдакҳо аллакай касал шудаанд."

Ин шикояти видеоии сокини яке аз ноҳияҳои Душанбе аз бебарқӣ аст. Барқ дар хонаҳои онҳо дар ин рӯзҳои сард ҳар рӯз 4 соат қатъ мешавад. Мегӯяд, дар хонаҳои сард кӯдакон азоб мекашанд. “Кӯдакро бинед, бечора, даҳ қабат ҳам печонем, хунук мехӯрад,” – нақл кард ин сокини Душанбе.

Ба мисли ин корбар дар ин рӯзҳои сарду пурбарфи Тоҷикистон сокинони зиёде аз гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла пойтахт аз камбуди барқ дар хонаҳояшон шикоят мекунанд. Маъмулан “лимит” дар деҳаҳо ҷой дошт, вале имсол ба гуфтаи сокинон дар баъзе аз маҳаллаву баландошёнаҳои Душанбе ҳам барқро соатҳо ва бе огоҳӣ хомӯш мекунанд.

Як сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми феврал гуфт, дар бебарқӣ ҳоло барои омода кардани чою хӯрок аз зарфи гази моеъ истифода мекунанд, ки бехатар нест “Даҳ рӯз шуд, ки барқи моро хомӯш мекунанд. Ё аз субҳ то нисфирӯзӣ. Ё аз нисфирӯзӣ то бегоҳ. Кӯдакон ҳам дар хонаҳои хунук касал, зуком”, -- афзуд ӯ.

Баъзе аз сокинони хонаҳои баландошёна дар ноҳияҳои атрофи шаҳр маҷбур шудаанд бо бухории ба қавле "бобоӣ" хонаҳои худро гарм кунанд. Мисли як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар манзилаш, воқеъ дар ошёнаи дуюм, бухорӣ гузошта, оташ рӯшан мекунад.

Маҳдуд будани интиқоли нерӯи барқ ва сардӣ сабаби он шуда, ки баъзе аз соҳибхонаҳо дари худро баста, ба хонаҳои хешу табор ё иҷора бираванд. Ин роҳи гурез аз сардӣ барои Аноргул, сокини ноҳияи Сино ва хонаводааш мушкили дигарро пеш овард.

Ӯ гуфт: “Барқро бисёр хомӯш карданд. Рафтему иҷора гирифтем, то кӯдакон хунук нахӯранд. Як ҳафта истодем, ки хонаро дузд зад, боз ба манзили худ баргаштем.”

Камбуди барқро дар ин рӯзҳои охир дар пойтахт ва махсусан дар баландошёнаҳо мақомот шарҳ надодаанд. Моҳе пеш вазири энергетика як сабабро афзоиши талабот ба барқ гуфта буд.

“Дуюм масъала вобастагӣ дорад ба тағйирёбии иқлим. Барои мисол, дар тирамоҳи гузашта ва ду моҳи зимистон бориш қариб 95 дар сад нисбат ба соли гузашта кам шуд ва ин, албатта, ба ҷорӣ шудани об дар дарёи Вахш, ки аксарияти иқтидори нерӯи барқ дар ҳамон ҷост, таъсири худро расонд,” – шарҳ дода буд Далер Ҷумъа.

Бархе ба ин гуфтаҳо шак доранд ва фурӯши барқро ба хориҷа далели асосии сарду торик мондани хонаҳои худ медонанд. Маҳдуд будани интиқоли нерӯи барқ махсусан дар фасли сармо солҳо боз як мушкили аслии сокинон дар Тоҷикистон аст. Чанд сол пеш раисиҷумҳур эълом дошта буд, ки ба зудӣ ин ҳолат ба “афсона” табдил хоҳад ёфт, аммо нашуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG