Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Захира тамом шуд." Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон кай поён меёбад? ВИДЕО


Ташвишу шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди бо маҳдудият гирифтани нерӯи барқ рӯзҳои охир бештар шудааст. Дар ҳоле ки мақомот барои содир кардани он ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя қарордоди нав имзо карданд.

"10-и шаб хомӯш мекунанд, то саҳар"

Маҳдудияти нерӯи барқ мушкилоти хонаводаи Ойнисо Бобиеваро дар шаҳри Ваҳдат бештар кардааст. Ӯ мегӯяд, ин шабу рӯз захираи охирини сӯзишворияшонро истифода мекунанд ва намедонанд, ки то поёни зимистон чӣ гуна хонаи худро гарм хоҳанд карду хӯрок хоҳанд пӯхт.

"Соати ҳаштуними субҳ барқро хомӯш мекунанд ва бегоҳӣ, соати 6, медиҳанд. Боз соати 10-и шаб хомӯш мекунанд, то саҳар," -- нақл кард ӯ рӯзи 24-уми январ.

Ойнисо Бобиева мегӯяд, ҳарчанд нархи истифодаи нерӯи барқ боло рафту пулро дар вақташ месупоранд, вазъ дигар нашуд. Ҷадвали маҳдудияти барқ дар маҳаллаҳо, ба гуфтаи сокинон, одилона нест. Ҳамсуҳбати мо, Ойнисо Бобиева, афзуд, дар баъзе аз маҳаллаҳо шабу рӯз барқ ҳаст, вале намедонанд чаро ба онҳо бо маҳдудият медиҳанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Захираи ҳезум тамом шуд", лимит кай поён меёбад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Ин хонавода дар 15-километрии Душанбе дар деҳаи Баҳори шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Дар ин ҷо бебарқӣ мушкили дигарро пеш овардааст.

"Дар наздикии деҳа мавҷгири “Мегафон” насб шудааст, лекин то барқ наояд кор намекунад. Ҳангоми бебарқӣ наметавонем ба касе тамос гирем ё ба мо занг занад," – гуфт Аловуддин Мазориев, сокини деҳаи Баҳор.

"Мусобиқаи нав"?

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Мақомот дар суҳбатҳои расмӣ ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро роҳи ҳалли масъала медонанд. То ҳол ду чархаи нерӯгоҳро ба кор даровардаанд, аммо маълум нест, чаро барқи он ҳам мушкилро ҳал накард.

Дар “Шабакаҳои тақсимоти барқ” инро шарҳ надода, танҳо таъкид карданд, ки "вобаста ба сатҳи оби обанборҳо" ва "тавлиди нерӯи барқ" маҳдудияти он дар минтақаҳо як хел нест.

Як намояндаи ин идора дар суҳбати бидуни сабт гуфт, “ба гунаи мисол, барои сарфаҷӯӣ навбатдори “Барқи Тоҷик” мегӯяд, дар фалон ҷо истифода кам карда шавад. Агар ин корро накунанд, метавонад дар рӯзҳои дигар мушкили таъмини барқ бештар гардад”.

Чунин тарзи кор, ба назари баъзе аз иқтисоддонҳо, миёни масъулони шабакаҳои барқ як навъ мусобиқаеро ба миён овардааст, ки ҳар кадоме мехоҳад барқи сокинонро зиёдтар қатъ кунад ва барои чунин “корнамоӣ” аз роҳбарон “медал” бигирад.

“Имрӯз масъулони шабакаҳои энергетикӣ дар минтақаҳо ҳавасманд ҳастанд, ки чунин корро кунанд. Ҳар касе аз масъулон дар минтақаи худ бештар барқро сарфа кунад, рейтинги онҳо аз рӯи ҳамин муайян карда мешавад. Яъне, ба назари ман, аз ҳисоби ҳамин маҳдудият мехоҳанд обрӯву эътибор гиранд,” – гуфт Аброр Мирсаидов, доктори илми иқтисод.

Аз тирамоҳ боз дар гӯшаҳои кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст. Дар ширкати “Барқи Тоҷик” мушкилро ба камии об дар обанборҳо пайванд доданд. Пештар онро ба “корҳои профилактикӣ” ё тармими таҷҳизот вобаста медонистанд. Як намояндаи ширкати “Барқи Тоҷик” дар суҳбати бидуни сабт гуфт, маҳдудияти имсола ба эҳтимоли зиёд “моҳи апрел ба поён хоҳад расид”.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳ пеш Тоҷикистон барои интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати гурӯҳи "Толибон" дар соли 2024 розӣ шудааст. Масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон 27-уми декабри соли 2023 дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) навиштанд, ки тавофуқ дар Туркия ба даст омад.

Маълум нест, Тоҷикистон дар соли 2024 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх, вале хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба маълумоти Кумитаи омор навишт, ки кишвар танҳо дар моҳи ноябри 2023 ба хориҷа ба зиёда аз 1,9 миллион доллар нерӯи барқ дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG