Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия рӯзи 16-уми феврал аз марги ногаҳонии ӯ хабар дод ва дар пай дар аксар шаҳрҳои Русия сокинон барои гулгузорӣ бар пояи муҷассамаҳои зиндониёни сиёсӣ рафтанду гирдиҳамоӣ карданд.
Як сокини Новосибирск бо овезаи дорои навиштаҷоти “навбати кӣ аст?” ба хиёбон баромад. Пулис сабаби ин амалашро пурсида, аммо ӯро боздошт накардааст. Як сокини дигар дар Мурманск бо навиштаҷоти “Хуни ӯ дар дастони ту аст, Вова” эътироз кардааст. Ба навиштаи “Осторожно, новости” ӯ боздошт шудааст.
Мардум ба назди санги Соловетс дар Маскав гул мебаранд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ пулис атрофи майдонро иҳота кардааст.
Ҷаъмияти русҳо дар бисёре аз кишварҳо эълон карданд, ки ба ёди Алексей Навалний гирдиҳамоӣ баргузор мекунанд. Ин ҷамъомадҳо маъмулан дар назди сафорат ва консулгариҳои Русия гузаронида мешавад.