Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз сарнавишти Алексей Навалний "амиқан нигарон аст"


Навалний аз соли 2021 дар боздошт аст
Навалний аз соли 2021 дар боздошт аст

ИМА аз сарнавишти мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний амиқан нигарон аст, ки 20 рӯз аст маълум нест дар куҷост. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар саҳифаҳои иҷтимоии X (Твиттер) хабар дод.

"Мо бори дигар ба озодии фаврии вай ва ба қатъи таъқибҳои садоҳои озод дар Русия даъват мекунем", - навишт Блинкен.

Ҳамсафони Навалний рӯзи якшанбе хабар доданд, 19 рӯз аст, ки намедонанд, Навалний дар куҷост ва бо вай робита надоранд.

Ба иттилои Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои ҷиноии Русия, Навалний 11 декабр аз маҳбаси рақами 6 дар вилояти Владимир бурда шудааст. Вакилони мудофеи Навалний аз рӯзи 6 декабр аст, ки бо вай мулоқот накардаанд.

Навалний - муаллифи чанд таҳқиқоти журналистӣ дар бораи фасодкорҳои дар ҳукумати Русия ва мухолифи президенти Русия Владимир Путин моҳи январи соли 2021 боздоштшу зиндонӣ шуд. Моҳи августи соли 2023 ӯро бар асоси парванди ташкил ва сармоягузории созмони тундгароёна 19 сол зиндонӣ карданд. Навалний худро бегуноҳ медонад ва ҳукми додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ мехонад. Ҳомиёни ҳуқуқ ӯро маҳбуси сиёсӣ эътироф кардаанд.

XS
SM
MD
LG