Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии МТС аз %-и баланди қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон


Нишасти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Нишасти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Як мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз боло бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ дар кишвар нигаронӣ кардааст.

Амин Одинаев, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ 29-уми ноябр дар як мизи гирд гуфтааст, "боло бурдани фоизи қарз ва хадамоти бонкӣ, боиси дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст."

Ин мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, андозҳои зиёд, қиматшавии маводи минералӣ, об ва дигар воситаҳои кумакрасонро аз монеагиҳо дар рушди соҳибкорӣ дар кишвар гуфтааст. Ба гуфтаи Амин Одинаев, чунин вазъ ҳавасмандии соҳибкоронро ба рушди истеҳсолот кам мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии "Ховар", дар нишасти Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкид шудааст, ки қариб 80 дарсади андозро дар Тоҷикистонро соҳибкорон мепардозанд ва бояд ба ин қишр кӯмак расонда шавад.

Аз фоизи баланди қарз дар бонкҳои Тоҷикистон қаблан мақомот ва соҳибкорон шикоят кардаанд. Масъулини Бонки миллӣ дар посух ба ин нигарониҳо гуфтаанд, барои паст кардани фоизи қарзҳо талош доранд.

XS
SM
MD
LG