Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегӯянд, пул деҳ." Сабаби баҳси тоҷирон ва маъмурияти бозори Турсунзода чист? ВИДЕО


Аз чап ба рост: Дилбар Мамадаминова, Малика Иброҳимова ва Шамсиддин Мирзоев
Аз чап ба рост: Дилбар Мамадаминова, Малика Иброҳимова ва Шамсиддин Мирзоев

Гуруҳе аз тоҷирон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода шикоят доранд, ки маъмурият бо талаби "ҳаққи иловагӣ" монеи корашон шудааст. Дар идораи "Тоҷикматлубот"-и шаҳри Турсунзода, ки бозор зери итоаташ аст, шикояти тоҷиронро "беасос" хонда, баръакс, баъзеи онҳоро ба саривақт надодани пули иҷора гунаҳкор карданд.

"Гӯш намекунанд"

Дӯкони хӯроквории Дилбар Мамадаминова дар бозори марказии шаҳри Турсунзода чанд вақт боз бастааст. Вай рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки масъулони бозор дар даромадгоҳи мағозааш иншооти нав сохта, роҳро маҳкам карданд. Чунин амал, ба қавли ӯ, боиси аз даст додани муштариён гашт.

"Аз бонк қарздорем. Бонк хонаамро гирифт. Дигар чӣ кор кунам? Бинед, ҳама ҷойро маҳкам карданд. Мегӯям, биёед, ба нағзӣ корро ҳал кунем, умуман, гӯш намекунанд," – афзуд ӯ.

Хонум Мамадаминова ҳоло ба тиҷорати харбуза машғул аст. Мегӯяд, кораш мавсимист ва даромади чандон надорад.

Соҳибкор Малика Иброҳимова солҳост, ки дар дӯкони тилофурӯшии бозор кор мекунад. Мегӯяд, маъмурият бидуни асос аз онҳо пул талаб карда, дар сурати напардохтан, ба дари мағозааш муҳр мезананд.

"Аз моҳи декабр сар шуд. Ним сол боз ғам медиҳанд. Сабаби чунин рафтори маъмурияти бозор ин аст, ки беасос пул талаб доранд ва мо намедиҳам. Аз андоз қарздор нестем. Ҳама санадҳоямон дуруст, лекин ғам медиҳанд, чӣ кор кунем?" – пурсид ӯ.

Ҳаққи иҷора чанд аст?

Бозори марказии шаҳри Турсунзода тобеи "Тоҷикматлубот" буда, дар он зиёда аз ду ҳазор кас кор мекунад.

Баъзе аз тоҷирон иддао карданд, ки яке аз масъулони бозор Парвиз Идиев, писари раиси “Тоҷикматлбуот” аст. Парвиз Идиев дар ҷойи кораш набуд, аммо намояндагони идораи “Тоҷикматлубот” дар шаҳри Турсунзода шикояти тоҷиронро дур аз воқеият хонданд.

Шамсиддин Мирзоев, намояндаи идораи "Тоҷикматлубот"-и Турсунзода, рӯзи якуми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, баръакс, баъзе аз соҳибкорон моҳҳо боз маблағи иҷораи дӯконҳоро надодаанд. "Маблағи иҷора барои як дӯкони заргарӣ ё тилофурӯшӣ пештар 300-350 сомонӣ буд. Имсол ба нақшаи мо 550 сомонӣ дуруст омад. Ин нархнома бо Хадамоти зиддимонополӣ мувофиқа шудааст," -- шарҳ дод Мирзоев.

Тоҷирон мегӯянд, афзоиши нархи иҷора одилона нест, вале бо ин ҳол масъулиятҳои худро иҷро карданд. Ҳоло аз он ташвиш доранд, ки беасос аз онҳо "ҳаққи иловагӣ" талаб мешавад. Масъулони бозор омодагии худро барои шунидани мушкили тоҷирон изҳор дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки корашон қонунист.

Видеоро дар инҷо бинед:

Баҳси тоҷирон бо маъмурияти бозори марказии Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Бори аввал нест, ки тоҷирону соҳибкорон аз дахолат ба корашон шикоят мекунанд. Мақомот аз эълони мораторияи соҳибкорон дар солҳои пеш, коҳиши санҷишҳо ва дигар имтиёзҳо ба соҳибкорон тавсиф мекунанд. Тоҷирону соҳибкорон аз фишорҳои бештар мегӯянд.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор кас ба соҳибкорӣ машғуланд. Мақомот мегӯянд, қисме аз ин афрод ба воситаи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва патент кор мекунанд ва боқимонда роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастанд. Дар соли гузашта беш аз 28 ҳазор нафари онҳо корро бас кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG