Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 миллион сомонии коргаронро дар Тоҷикистон "хӯрдаанд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Оҷонсии Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як санҷиш тасарруфи 7 миллион сомонии музди меҳнати кормандон дар корхонаҳои давлатиро ошкор кардааст.

Сулаймон Талбакзода, муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, моҳи равон ҳангоми муҳокимаи иҷрои қонун “Дар бораи буҷаи соли 2022" гуфтааст, кори муҳосибони 27 корхонаи давлатиро дар 15 шаҳру ноҳия тафтиш карданд ва натиҷа нишон додааст, ки дар ин ниҳодҳо 7 миллион сомоние, ки барои музди маоши кормандон пешбинӣ шуда буд, “бо роҳи сохтакории асноди муҳосибӣ” аз худ карда шудааст.

Хулосаи муҳокимаи порлумони дар нашрияи расмии "Садои мардум" нашр шудааст. Талбказода ба вакилони порлумон гуфтааст, ин ҳолат ҳангоми тафтиши филиалҳои Бонки давлатии «Амонатбонк» ошкор шудааст. "Амонатбонк" бонкест, ки тариқи он нафақаи шаҳрвандон, маоши кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва пизишкону омӯзгорон пардохт мешавад.

Як санҷиши дигари Оҷонсии зидди фасод, ба гуфтаи мақомоти ин ниҳод, дар 246 идораву корхонаи давлатӣ беш аз 76 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Аз ҳама беш ин зарар, дар ниҳодҳои марбут ба Вазорати маориф, тандурустӣ, фурудгоҳ ва идораҳои барқ сабт шудааст.

Оҷонсӣ шарҳ надодааст, ки ин зарарҳо ба чӣ марбут ҳастанд ва касе барои онҳо ҷавобгар шудааст ё не. Танҳо гуфтааст, ки беш аз 80 дар сади ин маблағҳо ба буҷаи давлат баргардонида шудаанд. Назари ниҳодҳое, ки дар гузориши Оҷонсӣ зикр шудаанд, дастрас нашудааст.

Аз ин пештар мақомоти расмӣ гуфтанд дар 9 моҳи гузашта 11 мансабдорро барои истифодаи нодурусти маблағҳои давлатӣ аз кор рондааанд. Ба иттилои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ин муддат 242 корманди дигари давлатӣ барои харҷи ғайриҳадафмандонаи пули давлат ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд. Ба гуфтаи намояндаи Палатаи ҳисоб, зимни тафтиши муҳосиботи муассисаву корхонаҳои давлатӣ маълум кардаанд, ки бештар аз 210 миллион сомонӣ ғайриҳадафмандона харҷ шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон борҳо дар гузоришҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, барои ҷиддӣ мубориза набурдан бо сӯистифодабарӣ аз маблағҳои давлатӣ ва ришвахорӣ дар идораҳои давлатӣ танқид шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG