Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се милиса, як марзбон ва се маъмури Оҷонсӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Чор корманди ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар соли 2023 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Муқбилшо Муяссар, як масъули Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 5-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Аз инҳо се тан кормандони ВКД ҳастанд. Ду корманди сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон, як тан дар ВМКБ. Як нафари дигар корманди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон аст."

Муқбилшо Муяссар
Муқбилшо Муяссар

Ному насаби боздоштшудаҳоро нагуфтанд. Мавқеи онҳо ва ё наздиконашон низ ба қазия маълум нест.

Аз тарафи дигар, масъулони Оҷонсии зидди маводи мухаддир иқрор шуданд, ки се корманди онҳо дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми фасод аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шудаанд. Сарҳанг ё полковник Камолиддинзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонсӣ, дар нишасти хабарӣ гуфт, ин кормандон айни ҳол дар маҳбасанд, вале тафсилот надод.

Хабари боздошти се корманди Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҳоле тасдиқ карда мешавад, ки дар пайи як нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январи имсол, раисҷумҳур аз кори мақомоти қудратӣ дар вилояти Хатлон сахт нигаронӣ карда, бархе онҳоро дастҷамъона ронд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ гузориш дод, ки дар баробари барканор кардани раҳбарони вилоятии мақомоти қудратӣ, ҳамчунин “сардорони якчанд Раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд”.

Самад Зафар
Самад Зафар

Мудири ин Оҷонсӣ, Самад Зафар, танқидҳо ва даст доштани кормандони ниҳоди зери раҳбарияшро дар қонуншиканиҳо пазируфта, гуфт “дар ҳақиқат камбудиҳо ҳаст, якҷоя бо тамоми кормандон кӯшиш мекунем, камбудиҳоеро, ки дар соли 2023 буданд, бартараф кунем”. Аммо Самад Зафар дар мавриди “камбудҳои соли 2023” тафсилоти бештар надод.

Дар нишасти матбуотии ин ниҳод ба суоли Радиои Озодӣ, дар бораи сару садоҳои расонаҳои хориҷӣ дар мавриди даст доштани наздикони мансабдорони воломақоми Тоҷикистон ба муомилот ва тиҷорати маводи мухаддир, посух доданд, ки “мо сарусадоҳои бедалелро арзёбӣ намекунем”.

Муқбилшо Муяссар гуфт, “ончи онҳо қайд мекунанд, ягон далел надоранд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон шахс баъд аз ҳукми Суд айбдор дониста мешавад. Дар бораи ин гуна масъалаҳо ягон чи гуфтанӣ ҳам надорему ҳуқуқи баҳодиҳӣ ва дигару дигарро низ надорем”.

Сӯзондани маводи мухаддир
Сӯзондани маводи мухаддир

Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар поёни солҳои навадум ва дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ барои пешгирӣ аз вуруди маводи мухаддир аз Афғонистони зери ҳокимияти «Толибон» таъсис шуд. Онро то соли 2022 СММ сармоягузорӣ мекард. Аз соли 2023 ба ин сӯ, ин ниҳод аз буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Ин ниҳод мегӯяд, дар як соли охир дар Тоҷикистон наздик ба 5 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 495 килои онро кормандони он мусодира кардаанд. Аз ҳама бештар маводи мухаддир дар вилояти Хатлон мусодира шудааст, ки 2 тоннаву 731 кило мебошад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Боздошти се милиса, як марзбон ва се маъмури Оҷонсӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG