Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ гуфт, “мо ба бозӣ муқобили Урдун омодаем. Мефаҳмем, ки рақибамон дастаи қавӣ ва сармураббиаш ҳам мутахассиси хуб аст. Дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё "аспи тира" (рақиби камошнои ҳайратовар - РО) ва дар пайи роҳ ёфтан ба даври баъдист.”
Шегрт афзуд, “бозӣ ба муқобили Урдун барои мо сеюмин финал дар ин мусобиқот аст. Мо дар бозии даври ҳаштякниҳоӣ бо мунтахаби Иморот, ки 120 дақиқа давом кард, қувваи зиёд сарф кардем. Мо тамринҳои барқароршавӣ анҷом додем ва ба бозии навбатӣ бо ҳамон нерӯе, ки доштем, рақобат мекунем. Ман бо бозигарони худ фахр мекунам. Шумо бояд на ба сармураббӣ, балки ба бозигарони тими миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунед, зеро онҳо ситораҳои аслии ин мусобиқот мебошанд.”
Сармураббии тими миллии Урдун Ҳусейн Аммута, мутахассиси 54-солаи марокашӣ, дар нишасти хабарӣ гуфтааст, “баъд аз бозии мо бо Ироқ (3:2), ба фикрам, маълум шуд, ки рӯҳияи тими Урдун то чӣ андоза қавӣ аст. Ягонагии мо он чизест, ки моро хамеша нашъунамо медиҳад. Ман ба бозигаронам сад дар сад бовар дорам. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболи муосир нишон медиҳад. Бозӣ бо онҳо бисёр душвор хоҳад буд, ҳар як даста дар плей-офф қавӣ аст. Мо ҳамеша рақибамонро эҳтиром мекунем.”
Тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат кард. Ин дидор 28-уми январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ гузашт.
Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.
Мунтахаби Урдун дар бозии даври ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар 29-уми январ муқобили тими миллии Ироқ бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард ва сеюмин шуда ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Мунтахаби Урдун рақиби тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бозиро 16-уми ноябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.
Дар маҷмуъ, тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун бо ҳам панҷ бозӣ анҷом додаанд: се бозӣ дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва ду бозии дӯстона.
Дар ду бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон соли 2015 мунтахаби Урдун пирӯз шудааст (3:0, 3:1). Урдуниҳо моҳи феврали соли 2021 дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон – бо мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дӯстона карданд. Дар дидори аввал мизбонон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Бозии дуюми дӯстона дар Уммон бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, аз панҷ бозӣ сетоаш бо пирӯзии урдуниҳо, яктоаш бо ғалабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта, як бозӣ мусовӣ шудааст.
Сардовари бозии Тоҷикистону Урдун довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Фу Минги 41-сола аз Чин таъйин гардидааст. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари FIFA Жоу Фей ва Жанг Ченг кӯмак мекунанд. Довари дигар аз Чин Ма Нинг довари эҳтиётӣ мебошад. Иида Юмпей аз Ҷопон ва ёвараш Сивакорн Пу-Удом аз Тайланд кӯмакдоварон дар VAR ҳастанд.
Чунон ки сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе хабар додааст, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар Қатар иштирок хоҳад кард.
Бозии дуюми даври чорякниҳоӣ байни тимҳои миллии Австралия ва Ҷумҳурии Корея 2-юми феврал соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи шанбеи 3-юми феврал байни тимҳои миллии Эрону Ҷопон ва Қатару Узбекистон доир мегардад.
Дар сурати ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан, мунтахаби Тоҷикистон бо ғолиби бозии дуюми чорякфиналӣ миёни дастаҳои Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат хоҳад кард.
ҶОМИ ОСИЁ-2023
1/4 ФИНАЛ
2-юми феврал (ҷумъа)
Тоҷикистон – Урдун. 16:30
Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
Австралия – Ҷумҳурии Корея. 20:30
Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб
Эрон - Ҷопон. 16:30
Ал-Райян, варзишгоҳи Education City
Қатар - Узбекистон. 20:30
Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт
НИМФИНАЛ
6-уми феврал (сешанбе), 20:00
Ғолиби бозии аввали чорякфинал – Ғолиби бозии дуюми чорякфинал
7-уми феврал (чоршанбе), 20:00
Ғолиби бозии сеюми чорякфинал – Ғолиби бозии чаҳоруми чорякфинал
ФИНАЛ
10-уми феврал (шанбе), 20:00
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.