Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси корбарон: Чаро мансабдорон ба халқ намегӯянд, ки чанд хонаву мошин доранд? ВИДЕО


Озодӣ Онлайн

То охири ҳамин моҳ мансабдорони тоҷик бояд ба Кумитаи молиёт ва ё андоз бинависанд, ки чанд хонаву чӣ қадар замин ва ё чанд мошин доранд.

Масалан, раиси шаҳр ё ноҳияе дар Тоҷикистон дар як варақаи махсус, ки ба Кумита месупорад, бояд ҳатман бинависад, чӣ қадар гову гӯсфанду парранда ҳам дорад. Агар мансабдор ин корро накунад ва фош шавад, ки моликияташро пинҳон кардааст, бар асоси қонун ҷазо ва ё танбеҳ мегирад.

Хабаре, ки Радиои Озодӣ дар ин бора нашр кард, аз мавзуъҳои сербаҳс дар саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм шуд ва корбарони зиёде гуфтаанд, мансабдорон ҳеч гоҳ ин корро намекунанд, чун ҳавасманд нестанд, сарвати воқеиашон фош шавад.

Шамсиддин Маҳмудов, яке аз корбарони саҳифаи мо дар Фейсбук, гуфтааст, худи талаби гузориш аз мансабдорон дар бораи моликият як навъ фиреб аст. Ӯ чунин навиштааст: "Боз коре карда дар чашми мардум хок мепошанд. Кадом мансабдор пули аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаи худро ба мардум нишон медиҳад? Як "спектакл"-и калони умумиҷумҳуриявӣ ташкил мешавад."

Айни шарҳро корбари дигаре бо номи Марҳабо Ҷумъаева навиштааст ва мегӯяд, солҳост, ки кормандони давлат дар бораи даромадҳои худ ба Кумитаи андоз гузориш медиҳанд, вале суде аз ин нест. "Сад афсӯс, ягон мансабдор сад дарсад молу мулкашро нишон намедиҳад. Ин ҳамааш ба чашми давлат хок пошидан аст", -- навиштааст ӯ дар Фейсбук.

Барномаро дар Ютуб юинед:

Теъдоде аз корбарон навиштаанд, ҳеч яке аз мансабдорон сарват ва ё моликият, аз ҷумла хонаву мошини худро ба номашон сабт намекунанд, чун суол пеш меояд, бо музди каме, ки мегиранд, ин ҳамаро аз куҷо ёфтаанд? Барои ҳамин, ба гуфтаи ин корбарон, мансабдорон амволу дороии хешро ба номи хешу таборону одамони боэътимодашон сабт мекунанд.

Дар ин миён корбаре бо номи Саидамин Мирзоев гуфтааст, на ҳамаи мансабдорон сарвати зиёд доранд, чун бо музди каме, ки мегиранд, зӯрашон ба харидани моликияти зиёд намерасад. Шарҳи ӯро аз саҳифаи Инстаграми Радиои Озодӣ ҳамроҳ мехонем: "Ҳеч чиз надоранд, як мошини давлатӣ доранд, як “Опел Вектра"-и хусусӣ. Бо музде, ки онҳо мегиранд, сарватманд намешаванд, аз ин сабаб моликияташонро нишон намедиҳанд."

Умедҷон ин суолро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук дар миён гузоштааст, ки чаро дар ҳама ҷо миллионер будааст, вале дар Тоҷикистон не. Ба қавли ӯ ин чиз имконнопазир аст.

"Ҳама кишварҳо миллионеру миллиардер доранд, вале гуё дар мо нест. Ингуна одамон пули калон доранд, ки аз роҳи фасод ба даст омадааст ва барои ҳамин аз фош карданаш метарсанд", -- илова кардааст ӯ.

Синои Маҳмадулло ҳам дар саҳифаи мо дар Инстаграм навиштааст, агар мансабдорон моликияташонро ошкор кунанд, 80 дарсадашон паси панҷара мераванд, чун ба қавли ӯ, "бисёриҳо даст ба коррупсия зада, сарватманд мешаванд".

Шарҳи корбаронро дар инҷо бинед:

Мансабдорон нишон медиҳанд, ки чанд хонаву мошин доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Худи ҳукумати Тоҷикистон ҳам эътироф кардааст, ки фасоду ришвахорӣ дар ҳама қишрҳо паҳн ва барои амнияти кишвар хатарнок шудааст. Барои аз байн бурдани ин хатару ришваву фасод корбаре бо номи Саид Азизов пешниҳоде дорад ва онро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм гузоштааст:

"Ин корҳо бефоидаву талаф додани вақт аст. Ин роҳи ҳал нест, роҳи ҳал ҷой кардани меҳри ватан дар дили ҳар шаҳрванд аст. Мардумро ба китобхониву донишомӯзӣ даъват кардан даркор аст. Он вақт ҳама аз рӯи номусу виҷдон кор мекунанд, ободӣ ҳам мешавад, пешравӣ ҳам мешавад."

Шумо чӣ мегӯед, нависед, ё дар видео сабт кунеду ба мо бифристед. Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем. Вебсайти Радиои Озодӣ бар иловаи хабарҳои тоза, имкони фиристодани видеоро ҳам дорад.

XS
SM
MD
LG