Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи афсари ВКД-ро ба Додгоҳи олӣ фиристодаанд


Акси Исмоил Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода, коллаж
Акси Исмоил Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода, коллаж

Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи Акмал Юсуфзода, подполковники Вазорати корҳои дохилиро барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ фиристодааст.

Юсуфзода ба рабудан ва марги Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат муттаҳам аст.

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда ду рӯз пеш ба дасти онҳо расид. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “санаи мурофиаи аввал дар оғози моҳи феврал таъйин мешавад”.

Мақомот Акмал Юсуфзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки шаби 12-уми июни соли 2023 омӯзгори донишгоҳ Исмоил Раҳмоновро аз маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе рабудаанд.

Додситонии кул дар хабарномае гуфта буд, ки Юсуфзода бо як хешовандаш дастони омӯзгорро баста, ӯро ба дарёи Фон партофтаанд.

Нисбат ба Акмал Юсуфзода ва хешовандаш Исмоилҷон Шукуров ба иттиҳоми одамрабоӣ (моддаи 130, қисми 2, бандҳои “а, в"-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушоданд. Ин банди қонун аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG